Аз ҳуқми беасоси Суди олии Тоҷикистон нисбати маҳбусони сиёсӣ шаш сол гузашт

By | 02.06.2022
Диданд: 15
0 0

Имрӯз расо шаш сол мешавад, ки Суди Олии Тоҷикистон ҳукми беасос, ғайриқонунӣ ва ғаразноки худро нисбати маҳбусони сиёсӣ, собиқ аъзоёни Шӯрои Олии ҲНИТ содир кард. Албатта, ки раисикунандаи мурофиаи судӣ судя Сатторзода А., айбдоркунандагони давлатӣ Нурматов Ф., Нуъмонзода З. ва Қурбонов А. ягон мустақилият дар рафти мурофиа надоштанд ва чизе аз дасти онҳо ҳам намеомад. Ҳукм аллакай моҳи сентябри соли 2015, нуҳ моҳ пеш бароварда шуда буд. Ҳангоме, ки ҲНИТ-ро мақомот 29 сентябри соли 2015 ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда буд, бо ин Қарораш ҳамаи аъзоёни онро, алалхусус аъзоёни Шӯрои Олии он низ экстремисту террорист эътироф шуда буданд. Ҳол он, ки оиди содир кардани ягон ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистӣ дошта парвандаҳо нисбати онҳо ба итмом нарасида буд, ягон ҳукми судӣ дар ин бобат қабул нашуда буд.
Бояд қайд кард, ки амали ташкилот ин маҷмӯи амалҳои аъзоёни он мебошад. Вале на ҳар як амали аъзои ташкилот аз номи ташкилот содиршуда ҳисоб мешавад. Суду прокуророн набояд дар бораи мафҳуми «ифроти ҷиноят» (м.38 Кодекси ҷиноятӣ) фаромӯш кунанд. Ва ин амалу кирдор бояд ҳатман дар доираи салоҳият ва Оиннома, бо розигии роҳбарияти ташкилот бошад. Дар дигар ҳолат дилхоҳ амали аъзои ташкилот ва ё ягон мақомот ин амали хосса шахсии ӯ ба ҳисоб меравад.
Дар қазияи ин маҳбусони сиёсӣ маҳз ҳамин гуфтаҳо яке аз нуқтахои заифи ҳукм аст. Бе муҳокимаи судӣ то оғози барасии парванда аз тарафи суд – шахсонро чун экстремисту террорист эътироф намудаанд. Оё имкон дорад, ки ташкилоти онҳо роҳбари ҷузъу томҳои он буданд экстремистию террористӣ бошаду худи онҳо не?! Дигар чӣ мемонад ба суду прокурор, оё ҷуръат ва қудрати зери суол мондани қарорҳои мақомоти болоиро доранд? Чаро ба ҳамин маҳкумшудаҳо имконияти шикоят кардан аз қарори Суди Олӣ аз санаи 29 сентябри соли 2015 дода нашуд. Ин яке паҳлӯҳои ифшокунандаи нодурустии қарори суд нисбати онҳо мебошад.
Дар рафти тафтишот ва муҳокимаи судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои ин маҳкумшудаҳо дағалона вайрон карда мешуд. Таҳқир, шиканҷа, шантаж, маҳдуд кардани дастрасӣ ба адвокат, радди дархостҳои айбдоршавандагон, ба тарзи пушида ва дар СИЗО гузаронидани мурофиа, махфӣ кардани он ва ҳукми судӣ, фишор ба адвокатҳо, фишор ба наздикони судшавандаҳо, манъи муроҷиат ба ташкилоту муассисаҳо, сохтакории далелҳо, хулосаи беасоси экспертҳо ва ғайра ҳама нишонаи ғайриқонунӣ будани ҳукм аст.
Ҳеҷкасе ба ҷуз қабулкардагони ин Қарори судӣ онро қонунӣ ва асоснок намеҳисобанд. Баъд аз таҳлил ва санҷиши маълумотҳо оид ба рафти тафтишот ва суд, созмонҳои байналмиллалии ҳифзи ҳукук ва ҳатто Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона ҳабс ва ҳукми маҳкумшудагонро беасос номиданд. Чандин маротиба ба мақомоти қудратӣ ва ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда оиди фавран озод ва ё боздиди парвандаи онҳо карда шуд. Аммо ҷониби ҳукумат дар ҷавоб хомӯширо ихтиёр карда аст.

Инчунин махбусон чандин маротиба ба мақомот ва президент нома менавиштанд, вале коргарони муассисаи ислоҳӣ онҳоро ба адресатон равон намекарданд. Ва инак дафъаи охирон дар санаи 01.11.2021 сол Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқ ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон номаи аз сари нав баррасӣ кардани парвандаҳояшонро карданд. Ин нома расонавӣ шуд. Вале то ҳол аз Дастгоҳи иҷроияи президент ба ин нома посух наомадааст. Барои навиштани нома ва муроҷиат кардан ба худи президент ин ду маҳбуси сиёсӣ аз тарафи кормандони муассисаи ислохӣ зери шиканҷаа қарор гирифтанд. Онҳоро чанд муддат ҷазо дода, ба ШИЗО ё худ утоқи ҷаримавӣ таъин карданд. Ин номаро мо бори дигар дар сомонаи Бунёди “Бузургмеҳр” барои шиносоӣ нашр мекунем ва умедворем, ки мақомотҳои марбута ба номаи ин ду тан аз маҳбусони сиёсӣ ҷавоби расмӣ мегардонанд. Ва ин ҳукми беасос аз сари нав дар Суди кушода бо иштироки намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, иштироки хабарнигорон ба таври одилона баррасӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published.