Амрико ҷаҳонро майдони озмоиши силоҳҳои худ медонад

Диданд: 10
0 0

Раиси ҳайати Русия дар бораи кантроли таслиҳотӣ ва амнияти низомӣ мегӯяд, Амрико ҷаҳонро майдони озмоиш барои силоҳҳои худ мебинад.

Константин Гаврилов, аз муддатҳо пеш ошкор шудааст, ки кантролкунандагони Киев дар Вашингтон кулли ҷаҳонро ба унвони як майдони бузурги озмоиши силоҳ мебинанд ва аз ҳар даргирии мусаллаҳонае барои озмоиш кардани асарбахшии силоҳҳояшон истифода мекунанд.

Ин мақоми баландпояи рус мегӯяд натоиҷи таҳқиқот нишон медиҳад, ки Амрико аз соли 1798 то имрӯз дар ҷаҳон 469 ҷанг ва мудохилаи низомӣ ба роҳ мондааст.

Гаврилов илова кард, ки ҷангҳои Амрико пас аз ҷанги ҷаҳонии дуюм ҷони наздик ба 25 миллион нафарро гирифтааст. Аммо Вашингтон қасде барои хотима додан ба ин роҳи худро надорад.

Вай гуфт, силоҳҳои сохти Амрико ҳамчунон бо кумаки неруҳои Украина ва авомили ифротӣ дар ин кишвар рӯи шаҳрвандон имтиҳон мешавад.

Ин мақоми рус мегӯяд, Вазорати Украина ошкоро аз истеҳсолкунандагони силоҳ дар Амрико даъват кардаанд барномаҳои озмоишии таслиҳотии худро дар Украина иҷро кунанд. Онҳо гумон мекунанд, ки агар ин силоҳҳо дар як минтақаи ҷангӣ озмоиш шаванд қобилияти рақобатиашон болотар меравад.

Вазорати дофои Иёлоти Муттаҳида рӯзи гузашта аз як бастаи ҷадиди таслиҳотӣ ва таҷҳизотӣ ба арзиши 1.1 миллиард доллар бо ҳадафи тақвияти неруҳои артиши Украина хабар дод.

Русия аз 24 февлари 2022 ва пас аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луҳанск ва Донетск аз Украина, ба ин минтақа неру эъзом карда ва аз оғози “Амалёти вижаи низомӣ дар Украина” хабар дод.

 

The post Амрико ҷаҳонро майдони озмоиши силоҳҳои худ медонад appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *