Баёнияи Бунёди “Бузургмеҳр” дар мавриди боздошти Завқибек Саидаминӣ ва фишори мақомот болои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Диданд: 37
0 0

Бунёди “Бузургмеҳр” боздошти Завқибек Саидаминӣ, хабарнигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин боздошт ва эҳтимоли оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори пешини Радиои “Садои Душанбе”-ро худсарона ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон меҳисобад. 

Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст дар муддати як моҳи охир мақомоти қудратӣ чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон ва блогеронро боздошт ва ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард. Сабаби ин боздоштҳо маҳз фаъолияти расонавии онҳо мебошад, ки диққати оммаро ба масъалаҳои мубрами чомеа ҷалб мекарданд.

Мақомот бархилофи муқаррароти Сарқонун ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки танқидро иҷозат додааст, кор карда бо моддаҳои гуногун ин ашхосро боздошт ва ҳабс карда истодааст.

Боздошт, пурсиш, кофтукоби манзил ва талаби шиносномаи хориҷии Абдусаттор Пирмуҳамадзода аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шояд нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда бошад. Чунки аз шоҳид талаб ва мусодираи шиноснома  мумкин  нест.  Таҳдид ва “маслиҳат”-ҳое, ки дар кадом мавзуъ нависаду навор паҳн кунад ва инчунин гирифтани забонхати ғайриқонунӣ оиди сӯҳбат накардан бо расонаҳо нишонаи амиқӣ фишори систематикӣ нисбати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷорӣ намудани сензураи давлатӣ мебошад.

Бунёди “Бузургмеҳр” чанд маротиба дар мусоҳибаҳо ва баёнияҳояш дар ин масъала ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат кард, ки дар роҳи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вобаста ба фаъолияти хабарнигорӣ, дастрасӣ ба маълумот, озодии баён ва ақида фаъолтар бошанд. Имрӯз низ мо бо чунин даъват ба онҳо муроҷиат мекунем. Нагузоред, ки журналистикаи тоҷик ба нестӣ равад.

The post Баёнияи Бунёди “Бузургмеҳр” дар мавриди боздошти Завқибек Саидаминӣ ва фишори мақомот болои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода appeared first on Buzurgmehr Yorov Foundation.

Buzurgmehr Yorov Foundation Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *