Ба Тоҷикистон боз 152 ҳазор воксини “Pfizer-BioNTech”-амрикоӣ ворид карда шуд

By | 31.01.2022
Диданд: 20
0 0

Имрӯз, 31- уми январи дар чорчӯбаи барномаи КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид карда шуд, – хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон. 

Дар Тоҷикистон то 20 январи соли 2022 беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 дар сади шаҳрвандони мамлакат ба моякӯбӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин вояи дуюми ваксинарото ин давра 3 миллиону 636 ҳазору 802 тан гирифтаанд, ки ин баробар бюа 63,1 дар сади тарҳест, ки давлат рӯйи даст гирифтааст.

17 январ низ, дар чаҳорчӯби барномаи “COVAX”,  ба Тоҷикистон 1 млн воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, бар зидди коронавирус ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» мавҷуд аст ва мардум воксин зада мешаванд.

Read more: Asiaplus

Leave a Reply

Your email address will not be published.