Бузмаков:«То ин гансҳоро ҷисман аз байн набарем, моро ором намегузоранд»

By | 27.05.2022
Диданд: 24
0 0

(бахши аввал)

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири дохилӣ ва раҳбари ҳарбии ВМКБ, Меликзода.М.муовини раиси КДАМ, Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилоят ва тавассути алоқаи махсус Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Шералӣ Мирзо ва фармондеҳони воҳидҳои махсуси Гвардияи миллӣ, вазорати мудофиа ва қушунҳои дохилӣ ва ҳамчунин командирони «Алфа» ва «ОМОН», ки ҳамагӣ  ҳаммаҳалҳои Эмомалӣ Раҳмонованд як ҷаласаи пушида доир карда барномаи бархурди оянда бо помириҳоро баррасӣ кардаанд.

Абдураҳмон Аламшозода гуфтааст,ки «баъди куштори Муҳммадбоқир, ҳатто низомиҳои помирии тарафдори мо дар сохторҳои қудратӣ ҳам муносибаташон тағйир кардааст. Мо, ҳоло на фақат бо ин гансҳои одӣ, бо роҳбарону лидерҳояшон ҳам душман шинохта мешавем. Ягон майда гузашт кардан лозим нест. Ҳамаашонро бояд бикушем».

Меликзода Маҳмад Имом, муовини раиси КДАМ ҳам тақрибан дар ҳавои сӯҳбатҳои Аламшозода гап зада гуфтааст, ки «ин гансҳо дигар сокит нахоҳанд буд. Ин бор душмании онҳову мо ягон ҷои пинҳон кардан надорад. Онҳоро бояд аввал саркардаҳо ва кормандони амнияту милисаашонро бикушему несту нобуд кунем. Баъдтар боз ягон баҳона карда дар худи Хоруғ як хунрезӣ  ташкил карда онҳоро комилан саркуб ва тарсонидан даркор. Дар сурати ғайри мо худамон ба ҳоли онҳо меафтем ва онҳо моро ҳадаф мегиранд. Инҳо тоҷик нестанд. Ҳозир, ки дар тарсу ваҳшат ҳастанд, бояд сахт зарбаашон занем. Мо набояд ин фурсати хуб ва муносибро аз даст диҳем».

Ин ҷаласа дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки даҳҳо нафар аз ҷавонҳои дастгиршудаи рушониро бо шадидтарин шева, ҳатто ба сими барқ пайваста карда водор намудаанд, ки матнҳои омодакардаро бихонанд.

“Чуноне дар наворҳои оперативии аз маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ,ки дақиқан аз ҳамон филмҳои сохта ва бофтае,ки  бо зарбу шаллоқ аз афроди боздошт шуда ,то имрӯз сабт намудаанд мебошад. Ду боздоштшуда,ки дар навор гӯйё худшон таслимшуда ва 19 адад яроқи оташфишонро ба мақомот супоридаанд. Номҳои ин ду яке ҷияни марҳум Муҳаммадбоқир, Ҷамшед Шаъбонов ва дигари Ақназар Ақназаров буда. Аз сабти навор бар ало маълум аст,ки аз рӯйи “Тв-Суфлёр» мехонанд. Чунон бо кунди ва рӯхонии хело канда канда мехонанд,ки ҳар бинанда онро мефаҳмад. Ин ду боз гӯйё худашон омада таслим намудаанд худро ва силоҳҳоро супоридаанд. Боз ягон модда дар кодекси ҷиноятии кишвар намондааст,ки онҳоро айбдор накарда бошанд.”

Баъзе аз ин нафарони дастгиршуда ба зарбаҳои кормандони милиса  ва амният тоб наоварда дар шуъбаҳои ШВКД ва КДАМ  ҷон бохтаанд. Ҳоло теъдоди кушташудаҳо дар бинои милиса ва амният чанд нафар аст,номаълум мебошад. Ба “Ислоҳ” хабари 17 нафар кушташуда аз зарбу шиканҷа расидааст. Шуъбаҳои милисаву амнияти Хоруғ ба қассобхона табдил шудаанд.

 “Як манбаи огоҳ аз авзоъи феълии Бадахшон ин хабарро расонд, ки чанде аз сокинони деҳаҳои Рушонро кормандони мақомоти қудратӣ ба наздикии яке аз дидбонгоҳҳои марзӣ бурда ва иҷборан ба танашон либосҳои афғонӣ карда паронидаанд. Ин ҷинояти мудҳиш ба хотири он будааст, ки тибқи кадом сенарияе бояд нишон диҳанд, ки аз самти Афғонистон ҳамла сурат гирифтааст. Гуфта мешавад он гурӯҳи нопадидшудаи ОМОН, ки вазорати дохила гуфтааст, ки дар Дарвоз ба дарё ғарқ шудаанд, низ тибқи ҳамин нақша кушта шудаанд ва ба дарё ғарқ шудани онҳо дурӯғи мақомоти қудратӣ аз ҷумла ҳамин Абдураҳмон Аламшозода аст.”

Гуфта мешавад, ки ин кормандони нопадидшуаи ОМОНро ҳам дар ҳамин «ҷанг» -и бо  «ҳамлаварони бо либоси афғонӣ» худашон куштаанд. Манобеи мо мегуянд, ки аз эҳтимол дур нест, ки дар ин бора хабар ҳам диҳанд ва аксу наворҳои сохта нашр кунанд. Айни ҳамлаи сохта ба посгоҳи ноҳияи Рудакӣ дар ду соли пешро инҷо такрор карданӣ ҳастанд, ки гӯиё аз тарафи ДОИШ ба амал бароварда шуда буд.

Як нафар аз маъмурони амниятӣ, ки дар ин ҷаласа ширкат кардааст, гуфтааст, ки бо афғонҳо гуфтугузорашон дар бораи як тирандозӣ ба тарафи Тоҷикистон напухтааст ва худашон ин сенарияро ба саҳна гузоштаанд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бо роҳандозии ин сенария ва нақша мақомот мехоҳад, ки ба ин қазия оҳанги дигар диҳад. Онҳо мехоҳанд, ки қазия бо гурӯҳҳои ҷангии Афғонистон аз ҷумла “Толибон” , «Ҷамоати Ансоруллоҳ» рабт бигирад ва бо ин аъмоли ҷиноии худ куштору ҳамла болои Бадахшонро амри ногузир ва чораи пешгирикунанда ҷилва диҳанд.

Дар Фейсбук як корбаре бо номи Мулкамолов Алидод,ки аз постҳояш ба КДАМ ва фермаи он марбут аст аз як доду ситад ё муомилаи режими Раҳмонов бо ҳукумати Толибон дар истирдоди зодагони Рушони Бадахшон хабар медиҳад:

“Дар натиҷаи гуфтушунид бо Ҳукумати Толибони Афгонистон 7 нафар аъзоёни гуруҳи муташаккили ҷинояти аз ноҳияи Рушони ВМКБ, ки ба Афгонистон фирор карда буданд, аз ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ватан баргардонида шуда, айни ҳол ба шаҳри Душанбе интикол дода шуданд.”

Мо аз сиҳат ва ғалатии ин хабар маълумоти иловагие надорем ва он ҳафт нафар киҳо буданд,низ огоҳи надорем. Аммо Раҳмонов барои бақои қудраташ омодааст ба ҳар гурӯҳи даҳшатафкани дар сиёҳтарин рӯйхати даҳшатафканони олам қарор дошта бошад ҳам ҳамкорӣ намояд. Ин доду ситадҳо аз он шаҳодати воло медиҳанд.

Хабарҳои ахири расида аз Бадахшон аз он ҳикоят мекунад, ки тамоми кормандони соҳибрутбаи бадахшонӣ дар ниҳодҳои қудратии кишварро халъи силоҳ карда ва онҳоро ҳушдор додаанд, ки бидуни гирифтани иҷозат кишварро набояд тарк намоянд. Феълан ба самти Хоруғ боз ҳам мошинҳои ҳомили афсару сарбозони зиёдро равон кардаанд ва ҳамарӯза ба хонаҳои мардум зада даромада онҳоро тарс дода истодаанд. Фазои Хоруғ ҳам зери садоҳои ваҳшатноки вертолётҳо бо ваҳшату даҳшат пур карда шудааст. Агарчи соати комендантӣ ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ нашудааст аммо посгоҳҳо дар роҳҳои Хоруғ ва Рушонро боз ҳам афзудаанд ва маъмурони интизомӣ бо автомат ва пулемётҳои дастӣ дар кучаву бозор гашт мезананд.

“Инро бояд тазаккур бидиҳем, ки ҳамчуноне, тӯли ин ҳама солҳо ҳеҷ касе, ҳеҷ ниҳоде ҲНИТро террорист нашинохту намешиносад Муҳаммадбоқир,Улфатхонум ва Холбашу Алимро террорист намешиносад. Инки онҳоро террорист мешуморед, фақат ба маҳзи он аст ки сабаб ва баҳона барои ҳамла ва таҷовузи шумо шуда бошад. Ҳамон афсари «Алфа»- Файзалӣ Ҷабборзодаро худашон куштанд. Дасти падарашро Сангак барои дуздияш бурида буд. Писарашро пешво дар Бадахшон кушт, то ҷангро аланга зананд. Дақиқан шумо Файзалии 29 соларо амдан ва аз рӯи ҳисоби пешакӣ куштед.  Ҳатто генерал Шариф Назарзода дақиқан он шабу рӯзҳо ба Кулоб рафта буд,то домани аланга ва нафратро бикорад, аммо инчи мехостед амалӣ нашуд. Дигар ин,ки  агар онҳо позитсия гирифта буданд ва агар онҳо ин ҳама силоҳҳои нишондодаи шуморо дар даст доштанд,чаро касе аз муҳоҷимони мутаҷовиз кушта нагардид?”

Исми генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода, яъне ҳамон Бузмаков ҳамчун қотили даҳҳо нафар бадахшӣ ва бахусус ҳамчун қотили Гулбиддин Зиёбеков ва Мамадбоқир –ин қаҳрамони ростин ва рамзӣ адолат то абад бо ҳарфҳои сиёҳ дар таърихи тоҷикон сабт хоҳад шуд. Ин сияҳкирдори сияҳпиндори сияҳрафтор, ки мегуфт мо 30 сол сабр кардем, тавре кард, ки дар рӯзи равшан бо истифода аз силоҳи оташфишон Маҳмадбоқир кушта бишавад. Ростӣ, аз ин пеш ҳам маълум буд, ки ин наводаҳои муғулии аз тухмаи Чингиз руида на як бору ду бор, талоши маҳви ҷисмонии ӯро карда буданд. Ҳаминҳо, маҳз ҳаминҳо, ҳамин қабила буд, ки аз болои хуни миллати тоҷик гузашту омад сари қудрат. Вақте мутаваҷҷеҳи кору амал ва шеваи зиндагии онҳо мешавӣ, ба яқин ва ба вузуҳ мефаҳмӣ, ки тамоми афкору омолу онҳо машғули хурдану хуспидану бавлидану шошидан асту бас. Инҳо, ки бо тасодуофте бар арикаи қудрат такя заданд, барои он аз он хестанӣ нестанд, ки хайре барои ин миллат бикунанд, билакс ҳарчи ки битавонанд, онро балъанду бихуранд. Ҳеҷ монандӣ ва шабоҳате аз ҳиҷ лиҳозе бо бақия мардумони манотиқи дигару кишвар надоранд.

“Чанд соли пеш буд, ки дар китобе аз Садри Зиё хонда будам, ки мегуфт, вақте аз ин тоифаи бешуур ба курсии қозиёти Аморат омад (манзураш қозӣ Бадриддин ва ё қозӣ Бурҳониддин буд) «шаб ҳамроҳ бо шуру чаповулгарон буду рӯз дар арк, дар канори амир ва маҳз ӯ боис шуд,ки дасти дузду чаповулгар дар мулк дароз бишавад». Мегуфта бошед Раҳмонов аз табори ҳамон Қозӣ Бадриддин  бошад. Ҳоло баъди беш аз сад сол чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ тағйире накардаанд ва ҳамоно ҳамон дузду роҳзану қарақчианд, ки ҳокимиятро барои андухтан, хуспидан ва тохтану ғорат кардан истифода мекунанд.”

Ҳар касе аз инҳо салоҳу хайр таваққуъ дошта бошад, сахт ғалат кардааст. Ба ҷуз аз зӯр ҳеҷ ҳарфи дигарро қабул нахоҳанд кард.  Вагарна, имрӯз мардуми бесилоҳ ва дасти холии Бадахшонро ба ин ҳад ба куштан намедоданд. Дар ҳамон ҷаласаи изтирории рӯзи 19-май, ки Аламшозода Абдураҳмон «майдондорӣ» мекард, аз ҳиҷ таҳдиду шантаже болои бадахшониҳо даст намекашид: «ё меоянду худашонро месупоранд, ё ҳоли рушонро болои сарашон такрор мекунем. Шумо аз ин ҷаласа баромада хонаҳоятон не,назди онҳо меравед ва мефаҳмонед».

Магар ин чи давлату давлатдорӣ аст ки чаҳор ходими амниятӣ аз мошин мефароянд ва як нафари бигзор ҳатто ҷинояткорро тирборон мекунанд.

Ва онҳо маъмури давлатӣ, муҳофизони қонуну назму тартибот ва онҳо ҳомиёни қонун!!. Ин чи қонун аст? Ин чи давлат аст? Мисли разбори гангстерҳо! Мисли амали бондҳои мофиозӣ! Вақте як шаҳрванд тирборон мешавад онро мешавад давлат гуфт? Ин дар воқеъ террори давлатӣ аст. Ин тирборони  идомаи куштори Сабзаливу Шерику Имомназар ва Гулбидину Тутишову дигар дигарҳо аст. Ин аломати рушани танаффури ин қабила ба мардуми Бадахшон аст. Ин баёнгари он аст ки инҳо, ки акнун масти сармояву сарвату давлату қудратанд то чи ҳад мардуми Бадахшонро бад мебинад, нафрат доранд, кушта истодаанд. Инҷо кадом ҷанге нест, кадом тарафе нест. Аммо мекушанд, хуни инсонҳоро мерезанд,ҷонашонро мегиранд. Бе онки азоби виҷдон бикашанд, бидуни он ки мижаашон бипарад, мегиранду мепаронанду мекушанд. Магар бо ин ҳолу аҳвол мешавад то кай сабру тоқат кард ва роҳи халосӣ аз дасти ин гургони дупо чӣ аст?

“Абдураҳмон Аламшозода, ҳамон гуна ки дар расонаҳо на як бору ду бор зикр шудааст як киллер, як қотил ва як одамкуш аст.Ҳикояти қатли Мамаҳмадназар Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилӣ ба дасти ин хунхораро, ки медонед!”

Бо террори Мамадбоқир Мамадбоқир ва қатли оми помириҳо Раҳмонов ва ҳукумати хонаводаӣ-қабилаии вайро гӯиё болои мардуми тоҷик мустаҳкам кард. Ҳоло ин фотеҳи Бадахшон ва вазорати дохилӣ мегӯяд, ки Боқир аз тарафи аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ кушта шуд. Дуруст мегуяд, чун онҳое, ки ба тану туши паҳлавононаи Боқир тир заданд, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, балки террористон ва киллерони касбии ҳукумати Раҳмонов буданд. Инҷо шак надошта бошед. Ёдатон бошад вақте Сангак ва Файзалии аз тири ҳамдигар, дар муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуданд Эмомалӣ Раҳмонов некролог мунташир кард, ки онҳо аз дасти душманони миллат кушта шуданд. Онҳо бо дастони душманони миллат кушта шуданд, чун ин дуро бо фармони худи Раҳмонов аз байн бурданд.  Пас ҳамаҷо душманони миллат ва хоинони миллатро шунидед донед,ки ӯ Раҳмонов ва бонди қотилони ӯянд.

  “Аламшозода мегуяд, ки онҳо даҳ дақиқа муқовимат карда натавонистанд. Аммо пинҳон мекунад, ки бигӯяд онҳо барои муқовимат ва ҷанг нарафта буданд. Онҳо рафтанд, ки пеши роҳи ҷанговарҳои хуношоми шуморо бигиранд, онҳо фақат ҳақ ва додхоҳӣ карда буданд, на муқовимати мусаллаҳона.”

Аламшозода гуфтааст, ки ба ин гансҳо боварӣ нест ва набояд зиндонҳоро аз ин гансҳо пур кард. Онҳо ҳар кор карда метавонанд. Онҳоро бояд  кушт ва боқимондаашро дар ҳама зиндонҳо тақсим кард. Маросими дафни Муҳаммадбоқирро зери чораҳои шадиди амниятӣ чаро доир кардед ва чаро нагузоштед, ки мардум ба маросими хоксупориаш ширкат кунад? Тамоми Хоруғ ва роҳҳои вурудиву хуруҷии он баста шуд. Дар кадом  гушаи дунё дидаед, ки террорист ин гуна муҳаббат ва маҳбубият миёни мардумонаш ва зодгоҳаш дошта бошад? Онки Боқир аз тарафи мардумаш муҳофизат мешудро чи тавр тафсир мекунед?

Шумоҳо ҳама чизро доред. Барои бачаҳову наводаҳоятон, ки аз яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам бештар шудааст ҳамин уребча-памперс надоштед, ки Рустам заводашро сохт. Хуллас ҳамачизро доред. Аммо шумо одамият надоред. Шумо муҳаббати мардумро нахоҳед дошт. Шумо зоҳири одамӣ доред аммо дар ботин дарандаед….

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед….

Ps: Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ», мо тасмим гирифтем,ки генералҳои дар қатлу куштори бадахшониҳо даст доштаро ба шумо бишиносонем. Ин бахши аввали матлаби нахустини мо дар ин робита аст. Дар бораи Абдураҳмон Аламшозода Бузмаков, зодаи Бошбулоқи Данғара ва кору кирдори вай дар ояндаи наздик як маводи дигареро ба нашр мерасонем. Агар шумо ҳам маълумоте дар бораи ин қотили мардуми Бадахшон ва бақия қотилони ин мардум иттилоъе, маълумоте дошта бошед, лутфан дар ихтиёри мо бигзоред….

 

Сообщение Бузмаков:«То ин гансҳоро ҷисман аз байн набарем, моро ором намегузоранд» появились сначала на ISLOH.net.

Leave a Reply

Your email address will not be published.