“Гуфтугӯи тамаддунҳо” боз вазъи Афғонистонро таҳлил мекунад

By | 10.06.2022
Диданд: 16
0 0

Дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и профессор Иброҳим Усмонов масъалаҳои амнияти Авроосиё, махсусан вазъи кунунии Афғонистон таҳлил мешавад. Дар ин бора ба “Фараж” Мазбут Қосимов, котиби ин маҳфил иттилоъ медиҳад. 

Павел Зарифулин – коршиноси рус ва раиси Маркази “Лев Гумилёв” меҳмони ин маҳфил аст ва ӯ ба вазъи амният дар Авроосиёро андешаронӣ хоҳад кард. 

Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ҳамроҳ бо Маркази “Лев Гумилёв” дар шаҳри Масква, рӯзи душанбе, соати 17-30-и 13-уми июн,  дар бинои “Кохи афсарон” баргузор мегардад.

Зарифулин пештар ҳамоҳангсози Ҷунбиши байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи мардум, ҳамоҳангсози Иттиҳоди ҷавонони Авруосиё ва роҳбари котиботи Ҳизби Авруосиё буд.

Вай солҳои 1994-1998 ба шуъбаи Партияи миллим болшевикии Казон роҳбарӣ мекард. Моҳи феврали соли 2005 яке аз муассисони Иттиҳоди ҷавонони Авруосиё шуд. Дар соли 2006 барандаи ток-шоуи “Мобилизация” дар шабакаи кабелии О2-ТВ ва аз соли 2007 барандаи радиоии “Сервис News” гардид. Моҳи июли соли 2009 ӯ Ҷунбиши байналмилалии Ҳимояи ҳуқуқи мардумро таъсис дод ва роҳбарӣ мекунад. 

Ҳоло Павел Зарифулин сармуҳаррири портали иттилоотӣ-таҳлилии “Постмодерн геополитика” аст. Муаллифи китоби “Шавқ” (2007) – маҷмӯаи иншоҳо дар бораи “ҷуғрофияи муқаддас, инқилоби консервативӣ ва ҷангҳои шабакавӣ” мебошад.

Ёдовар мешавем, бори охир дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Фахриддини Холбек, рӯзноманигори тоҷик, дар вазъи кунунии Афғонистонро баъди ба қудрат расидани Толибон таҳлил карда буд.

Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” бо ҳамкории “Маркази Лев Гумилёв” дар шаҳри Масква

Сообщение “Гуфтугӯи тамаддунҳо” боз вазъи Афғонистонро таҳлил мекунад появились сначала на Фараж.

Leave a Reply

Your email address will not be published.