Дастаи умед умедҳоро барбод дод

By | 10.06.2022
Диданд: 21
0 0

Дастаи умед (олимп)-и Тоҷикистон дар ду бозии аввали марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2022 аз рақибони худ шикаси хӯрд. Дастаи мунтухаби футболи то 23-солаи кишвар дар бозии аввал бо Арабистони Саудӣ баромад намуда, бо натиҷаи бузурги 5 – 0 ноком шуд. Дар рақобати дуюм тими олимпии Тоҷикистон аз АМА бо ҳисоби 2-0 шикаст хӯрда, имконияти баромадан аз гурӯҳро аз даст дод. Новобаста аз натиҷаи бозии сеюм бозингарони тоҷик имкони аз гурӯҳ баромадан ва иштирок дар марҳилаи ниҳоиро аз даст доданд.

Аз гурӯҳи “D”-и мусобиқа, ки Тоҷикистон дар он ҳунарнамоӣ дорад, мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Япония 4 имтиёзӣ ба даст овардаанд ва АМА бошад, соҳиби се хол аст. Дар даври сеюми мусобиқа маълум мешавад, ки кадоме аз ин тимҳо ба марҳилаи баъдӣ суъуд мекунанд.

Мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 (U-23) аз 1-уми июн оғоз шуд ва то 19-уми июн дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон идома мекунад. Дар ин мусобиқа 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Пас аз даври сеюм иштирокчиёни марҳилаи ниҳоӣ пурра муайян хоҳанд шуд.

 Пирӯзии шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар рақобатҳои дӯстона

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарбураббӣ – Аҳлиддин Турдиев бо ҳамтоёни худ аз Аморати Муттаҳида Араб ду бозии дӯстона анҷом доданд. Ин вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 2-юм ва 4-уми июн баргузор шуданд. Дар бозии якум шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо ҳисоби  3 – 1 ва рақобати дуюм бо натиҷаи  1 – 0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Беҳрӯз Хоҷазода ба майдони кӯштӣ бармегардад

Паҳлавони шинохтаи тоҷик аз навъи варзиши кӯштии ҷудо ва самбо, Беҳрӯз Хоҷазода баъди он ки дар чандин мусобиқаҳои сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ иштирок надошт, дар охири моҳи июн метавонад ба майдони гӯштингирӣ баргардад. Ӯ имкони дар мусобиқаи Гранд-Слами Уланбатори Муғулистон ширкат варзиданро дорад. Беҳрӯз бо сабаби он ки аз даст ва китфи худ лат бардошта буд, наметавонист дар мусобиқаҳо иштирок намояд.

Беҳрӯз Хоҷазода аз ҷумлаи варзишгарони саршиноси тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ соли 2017 дар қаҳрамонии ҷаҳони риштаи самбо дар шаҳри Сочии Русия медали тилло ба даст оварда буд. Аксар вақт дар вазни 73 кг ҳунарнамоӣ мекунад.

Даргузашти муштзани ҷавони тоҷик дар Русия

Иброҳим Ҳасанов, муштзани 18-солаи тоҷик, ки дар Русия зиндагӣ ва машқ мекард, пас аз осеб бардоштан дар як мусобиқаи вилоятӣ дар ин кишвар аз дунё даргузашт.  Ин варзишгари ҷавони тоҷик баъди шаш рӯзи дар бемористон бистарӣ будан, санаи 2-юми июн ҷон додааст. Гуфта мешавад, ки варзишгар дар вақти мусобиқа дучори накдаун шуда, осеб мебинад, вале довари майдон рақобатро дар ин ҳолат манъ намекунад. Баъди анҷоми майдондорӣ Иброҳим аз ҳуш меравад ва ӯро ба беморхона интиқол медиҳанд.

Иброҳим дар ин мусобиқа дар вазни 60 кг ҳунарнамоӣ карда, дар даври ниманиҳоӣӣ шикаст хӯрдааст. Ба гуфтаи нашрияҳои маҳаллии Русия, Иброҳим дар аввал ба навъи варзиши ММА машғул буд. Вале баъди он ки мураббияш ба дигар давлат меравад, ӯ ба бокс рӯ меорад.

Боскетболбози миллиордер кист?

Леброн Ҷеймс, бозингари дастаи “Лос-Анҷелос Лейкерс” аввалин баскетболбозе шуд, ки дороии ӯ беш аз ё миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Тибқи навиштаи сомонаи “Forbes”, даромади варзишгар дар соли 2021 беш аз 121,2 миллиард долларро ташкил дода, сарвати ӯ аз 1 миллиард доллар гузаштааст.

Варзишгари амрикоӣ беш аз 20 сол аст, ки ба баскетболи касбӣ машғул аст. Дар ҳайати тими миллии баскетболи Амрико ду дафъа унвони қаҳрамони бозиҳои олимпиро (2008, 2012) ба даст овардааст. Инчунин, дар ҳайати тимҳои “Майами Хит” (2012, 2013) “Кливленд Кавалерс” (2016) ва “Лос-Анҷелос Лейкерс” қаҳрамони Лигаи миллии баскетбол (NBA) гардидаст. Леброн Ҷеймс дар ин навъи варзиш унвони “шоҳи баскетбол”-ро дорад.

Салоҳ бозингари “Барс” мешавад?

Ҳамлавари дастаи “Ливерпул”, Муҳаммад Салоҳ ба дастаи “Барселона” мегузарад. Дар ин бора сомонаи “Mirror” хабар додааст.

Ба навиштаи сомонаи мазкур Салоҳ мехоҳад дар тобистони оянда “Ливерпул”-ро ҳамчун бозингари озод тарк намуда, ба ҳайати “каталониҳо” пайвандад. Шартномаи кунунии бозингари мисрӣ бо дастааш то тобистони соли 2023 амал мекунад. Дастаи англисӣ бо футболбоз барои дароз намудани шартнома ба тафовуқ нарасидаанд ва ин гумони онро, ки Салоҳ тимашро ҳамчун бозингари озод тарк мекунад, бештар менамояд.

Салоҳ тобистони соли 2017 бо маблағи 42 миллион евро аз дастаи “Рома”-и Италия ба ҳайати “Ливерпул” гузариш намуда буд.

Таҳияи Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Сообщение Дастаи умед умедҳоро барбод дод появились сначала на Фараж.

Leave a Reply

Your email address will not be published.