ДОДГОҲИ РУСИЯ НИКОҲИ ҚАМАРИДДИН ВА ЛЮДМИЛАРО БЕКОР КАРД

By | 29.01.2022
Диданд: 23
0 0

Додгоҳи ноҳияи Нижняя Тавдаи вилояти Тюмени Русия бо талаби додситонӣ никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон Қамариддин Кӯганов бо сокини маҳаллӣ Людмила А. –ро аз 14 декабри соли 2018 қалбакӣ дониста,  бекор кард, – хабар дод Телеграм-канали Хадамоти муштараки матбуоти низоми додгоҳии вилояти Тюмен.
Бино ба иттилои пулиси вилояти Тюмен, додситонии ноҳияи Нижняя Тавда зимни тафтиши қонунияти ақди никоҳи Қамариддин Кӯганов ва Людмила А.  ба хулосае омад, ки ин никоҳи қалбакист ва танҳо ба хотири бо роҳи осонтар соҳиби шаҳрвандии Русия шудани марди тоҷик баста шудааст. Кӯганов дар ҳақиқат баъди ақди никоҳаш бо Людмила А.  ба мақомоти муҳоҷирати пулиси вилояти Тюмен ҷиҳати ба ӯ берун аз квота додани ҳаққи иқомат ва сипас шаҳрвандии Русия муроҷиат карда буд ва додситонӣ ба ин далел, никоҳи ӯ бо сокини маҳаллиро мавриди санҷишу тафтиш қарор дод.
“Дар ҷараёни санҷиш зан нақл кард, ки бо Кӯганов зиндагӣ намекард ва хоҷагии умумӣ пеш намебурд, вале баъдан дар додгоҳ аз суханони худ даст кашид. Дар додгоҳ “зану шавҳар” гуфтанд, ки онҳо дар деҳаи Петрункино дар хонаи бародари Кӯганов ва баъдан як муддат дар хонаи Людмила бо ҳам зиндагӣ доштанд. Вале баъди марги падару модараш Людмила ба истеъмоли машрубот дода шуд ва дар ин замина байни зану шӯ муноқишаҳо сар заданд. Баъди яке аз чунин муноқишаҳо дар тобистони соли 2019 Людмила ба шаҳраки Ключии ноҳияи Нижняя Тавда кӯчидааст”, – гуфта мешавад дар хабари додгоҳ.
Дар додгоҳ Қамариддин ва Людмила талош кардаанд, даъвои додситониро рад кунанд, вале муваффақ нашудаанд.  Людмила аз ҷумла гуфт, барои ақди никоҳ аз Кӯганов пул нагирифтааст, вале ин марди тоҷик ба вай барои харидани сару либос ва дигар ашёи мактабӣ барои кӯдаконаш пул медод. Вале, гуфта мешавад дар иттилоияи додгоҳ,  “дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки Людмила тақрибан се сол боз бо як марди дигар аз шаҳраки Ключи зиндагӣ дорад ва ҳеҷ гоҳ бо Кӯганов зиндагии муштарак надошт.”

Садҳо нафар шаҳрвандони тоҷик барои бо роҳҳои осонтар соҳиби шаҳрвандии Русия шудан аз роҳҳои аз лиҳози қонунӣ номақбуле, чун никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, шаҳрвандоне ки никоҳи қалбакӣ кардаанд, аз ҳаққи иқомат ва ҳатто аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардида, аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд. Вақтҳои охир аз Русия дар бораи бекор шудани даҳҳо чунин никоҳҳои қалбакии сокинони маҳаллӣ бо муҳоҷирони тоҷик гузоришҳо ба даст мерасанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published.