ДУ СИТОРАИ ҚУТБНАМО

Диданд: 27
0 0

Соли 1984 дар ҳаёти шахсиам воқеаи хурсандибахше рӯй дод, ки то зиндаам ҳеч гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳам кард. Ҳамон сол дар пойтахти мамлакати собиқ шӯравӣ шаҳри Маскав Конфоронси Умумииттифоқӣ оид ба тарғиби ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолии кишвар баргузор гардид. Дар қатори гурӯҳи даъватшавандагон ба ин чорабинии сатҳи давлатӣ аз Вазорати адлия ҷонишини вазир Раҳмонов Сабзалӣ ва ман – мудири шуъбаи тарғиби ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқи аҳолӣ шомил будем.

Дар ҳамин муддат Пленуми тантанавии адибон бахшида ба 50 – солагии таъсисёбии Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ба кори худ оғоз бахшид. Устод, шодравон Лоиқ Шералӣ ва Артисти халқии СССР, роҳбари гурӯҳи рақсии филармонияи давлатии «Лола» Ғаффор Валаматзода (руҳашон шод бод) дар кори Пленум бояд иштирок мекарданд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳар ду гурӯҳ як ҳавопаймо ҷудо карда буд. Шодӣ ва хурсандии ман ҳадду канор надошт ҳангоме, ки худро дар паҳлуи сухансарои маҳбубу писандидаи халқамон Лоиқ Шералӣ дидам. Дар тарафи дасти чапи устод Ғаффор Валаматзода менишастанд, ки ман ӯро бори нахуст аз наздик медидам. Ҳунарманди асил ба саломатии худ диққати ҷиддӣ медодааст, ки назар ба синну солашон хело бардаму ҷавон менамуданд.

Дар ҳамин ҳавопаймои шуҳратманди шӯравии ТУ –  !54 гурӯҳи ҳукуматӣ бо сарварии Котиби КМ ПК Тоҷикистон оид ба масъалаи идеология Бобосодиқова Г. Б. низ мепариданд. Ин гурӯҳ дар қисми пеши ҳавопаймо ҷой гирифта буд.

Инак, ҳавопаймо ба ҳаво хест ва пас аз ба баландии мувофиқ расидан хомӯшии кӯтоҳмуддатро шодравон, роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Лола» Ғаффор Валаматзода бо лаҳни ширин шикаст.

– Акнун, Лоиқҷон, чӣ кор мекунем?

– Мепарему менӯшем, – хандида, посух гардониданд шоири ширинкалом, – ва ҷомадонашонро кушода, ба дасти ҳар кадоми мо шишачаи конякро супурд ва аз кунҷи дигари ҷомадон ҳасиб бароварда, бо корди кисагиашон реза карданд.

Азбаски дар он давра дар ин гуна нишастҳо баёни нӯшбодҳо ба як қоидаи маъмул пазируфта шуда буд, сухани аввалро худи устоди гиромиқадр бо умеди парвози баланду нишасти нарми ҳавопаймо ба забон оварданд.

Бо гузашти фосилаи муайян сардабири маҷаллаи бонуфузи «Садои Шарқ» аз ман хоҳиш намуданд, ки барои гарм кардани суҳбат нӯшбод гӯям. Барои эҳтироми ду чеҳраи мондагори шеъру санъат аз ҷой хестам. Барои он ки бори нахуст дар паҳлуи шоири машҳур нишастану аз дидори симои санъаткори намоён Ғаффор Валаматзода мушарраф гардиданам эҳсосоти қалбамро баён карданӣ шудам.

– Устод …, – давоми сухан дар даҳонам монд, зеро бо чашми сар дидам, ки симои шоири шаҳир ба якборагӣ тағйир ёфт ва эшон даст бардошта, овозамро бурид.

– Устод танҳо сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошанд. Аз шунидани ин мафҳум ғашам меояд. Нархи сабзиву пиёзро напурсида, ҳоло одат шудааст, ки ба ҳар лоиқу нолоиқ устод гуфта, муроҷиат мекунанд. Ба қадри ин мафҳум нарасида, онро хору залил гардониданд. Илтимос, маро устод нагӯед.

Дар як ҳолати ногуворе мондам. На нишастанамро медонистаму на ҷунбиданамро. Ҳеч гумон надоштам, ки шоири тавонои миллат бо лаҳни тунд маро аз баёни орзуҳоям боз медорад. Чанд лаҳза лолу карахт монда, сарҳисоби амаламро гум кардам. Ҳатто аз шарму ҳаё таги обу арақ мондам.

Ана, дар ҳамин лаҳзаи пурэҳсос Ғаффор Валаматзода ба ёриам шитофт. Ӯ басо оромона, ҳалимона ва зиракона риштаи суханро ба даст гирифт.

– Лоиқҷон, аз он ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо устоди шоирон, балки устоди кулли ҳунармандон ва санъаткорон мебошанд, ҷойи баҳс нест. Шумо, ки дар замони мо ҳаёт ба сар мебаред, бешубҳа устоди ҷавонону мухлисон мебошед. Ҷавонони имрӯза ба эҷодиёти шумо фахр мекунанд. Лоиқ Шералӣ барои онҳо ситораи раҳнамо ва машъали фурӯзон ба шумор меравад.

Нишасте, ки мо бо ин ҷавон дорем, абадан дар хотираш нақш мебандад ва то охири умр ин дидорро ба ҳама ёру дӯстон, шиносу хешу ақрабо дар маъракаю чорабиниҳо бо ифтихор қисса мекунанд. Аз ин хотир, Лоиқҷон, бигузор ҷавон орзуву таассуроташро баён намояд ва мо ба ин хотир қадаҳи навбатиро нӯши ҷон кунем.

Симои шоири маҳбубам ҷило пештараро гирифта, дар лабонаш табассуми латифаш нақш баст. Ман бошам бо ҳисси минатдорӣ ба ҳунарманди рақсҳои ҷаззоб менигаристам. Дар навбати худ роҳбари бадеии ансамбл бо табассуми ба худаш зебанда, ба сӯям чашмакӣ зад, ки маънояш натарсидаву наҳаросида, бо дили пур сухан гуфтанамро мефаҳмонд.

Баъди чунин сурат гирифтани вазъият, ҷасурона ба гап даромада, нақш, мавқеъ ва саҳми шоири тозаэҷод, навовару бо истеъдоди худододаш ба шеър тобишу ҷилои нав бахшанда ҳарф задам. Инчунин, қайд намудам, ки устод Лоиқ Шералӣ бо сабки наваш руҳу ғурури шоистаи миллӣ ва эҳсоси волои ватанхоҳию башардӯстии бузургони миллатро дар замону заминаи наве рангу ҷило ва парвози баланде ато фармудааст, – ва арақшор ба ҷоям нишастам.

Артисти халқии СССР бо мамнуният қарсак заданд ва илова карданд:

– Барои чунин суханҳои ҷавон нанӯшидан гуноҳ аст.

– Э, қандатона занед, – устод бо ханда шишачаи конякро бардоштанд, ки  ин мазмуни аз гуноҳам гузаштанро дошт. – Ғаффорҷон, рост гуфтед. Барои чунин суханони самимию лекин тобиши таҳсинофаринӣ дошта, албатта, менӯшем.

Парвоз ба самти пойтахти Ватани паҳновар давом дошт ва ман ба чеҳраҳои мондагори ду шахсияти бузурги миллат назар карда, аз дил мегузарондам, ки бо туфайли заҳмату машаққат ва саҳми беназири ин ду тан, посдорони шеъру санъати миллӣ ҳисси худшиносӣ, меҳанпарастии халқи азизам боло гирифт ва рушду камоли забони модарию ҳунари тоҷик ба дараҷаи аъло расид ва аз Худои мутаол шукргузорӣ мекардам, ки то ҷаҳон ҳасту боқӣ мемонад, ба халқи тоҷик чунин ситорагони қутбнамо, якеро дар соҳаи адабиёт ва дигареро дар ҷабҳаи санъат офаридааст.

Зариф ҒУЛОМ,

адиб  

Сообщение ДУ СИТОРАИ ҚУТБНАМО появились сначала на Фараж.

Фараж Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *