Ду созмон мегӯянд, ангуштони 8 зиндониро дар Эрон мебуранд

By | 11.06.2022
Диданд: 29
0 0

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки мумкин аст, ангуштони 8 мардеро, ки дар як зиндони Теҳрон нигаҳдорӣ мешаванд, бибуранд.

Ин афрод ба дуздӣ муттаҳам мешаванд ва чанде пеш ангуштони як мардро барои айни ҷиноят қатъ кардаанд. Дар як гузорише, ки Маркази Ҳуқуқи Башари Абдураҳмон Баруманд ва Шабакаи Ҳуқуқи Башари Курдистон рӯзи 10-уми июн нашр карданд, омадааст, онҳо гузоришҳои боварибахше ба даст овардаанд, ки чанде пеш дар бемористони зиндони Эвини Теҳрон дастгоҳи буридани ангушт гузоштаанд ва ангуштони якеро ҳам бо истифода аз он буридаанд.

Созмони аввалӣ дар Вашингтон ва дуввумӣ дар Париж қароргоҳ доранд. Ҳарду созмон мегӯянд, ки дасти кам се нафар аз гуруҳи 8 нафарии зиндониёнро чанде пеш аз шаҳри Урумия ба Зиндони азими Теҳрон бурдаанд ва ба онҳо гуфтаанд, ки ҳукмашонро баъди насби дастгоҳ иҷро мекунанд.

Ин се нафарро Ҳодӣ Рустамӣ, Маҳдӣ Шоҳиванд ва Маҳдӣ Шарафиён ном бурдаанд, ки бино ба гузориш аз оилаҳои фақир ҳастанд. Авфи Байналмилал соли 2020 гуфт, ки муҳокимаи ин се нафар фавқуллода ноодилона сурат гирифтааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published.