ЗАНГИ ОХИРИНИ АЛОВУДДИН

By | 10.06.2022
Диданд: 29
0 0

Шӯхиҳои Аловуддинро ба воситаи симо бо завқ тамошо мекардам ва ҳеҷ гоҳ гумон надоштам, ки рӯзе бо ин ҳаҷвнигори барҷаста рӯ ба рӯ мешавам.

Сабабгори нахуст шиносоӣ ва баъдан ба дӯстии мустаҳкаму қавӣ шуданам бо Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аловуддин Абдуллозода бародараш Музаффар Абдуллозода гардид. Бо Музаффар аз соли 2003 шиносоӣ пайдо карда будам. Ҳамон сол ӯро аз вазифаи прокурори ҳарбии гарнизони Хатлон ба мансаби раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа (айни ҳол Бохтар) пешбарӣ намуда буданд.

Соли 2014 Музаффарро ба ҳайси раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъйин карданд ва ӯ рӯзе занг зада хоҳиш намуд, ки ба ҳузураш равам. Чун ба наздаш ҳозир шудам, дарҳол ба сари мақсад омад.

– Бародарам Аловуддин дар бораи падари бузургворам Ҷаъфар Абдуллозода китобе омода намудааст. Мехостам, ки шумо онро хонда таҳрир намоед.

– Аловуддин бародари ҳамхунатон мешавад? – ҳайрон савол додам.

– Бале, – тасдиқ кард роҳбари идора ва илова намуд. – Мо 6 нафар бародаронем.

Китобро хонда таҳрир кардам ва ду – се боби дигар илова намуда, аз иҷрои уҳдадорӣ ба Музаффар ҳисобот додам.

– Додарам Аловуддин дар назди бинои Вазорти фарҳанг шуморо интизор аст, – гуфт раиси суд ва илтимос намуд, ки флешкаро ба муаллиф супорам.

Аловуддинро дар дохили нақлиёти шахсиаш дида, давида вохӯрӣ намуда, худро шиносонда, флешкаро ба дасташ додам. Бо чеҳраи кушод ва лаби пурханда ба нишастан таклиф намуд.

– Ҳамроҳ каме дар пойтахт сайру гашт менамоем ва аз наздик шинос мешавем. Ба фикрам, Шумо адиб ҳастед ва хоҳиш мекунам, ки барои ман ҳаҷвияе нависед, то ки ба ин васила ба воситаи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин» шуморо тарғибу ташвиқ намоям.

– Бо ҷону дил, – гӯё мо кайҳо шиноси қадрдон будем, ки суҳбатамон гарму хотирмон сурат гирифт. – Ҳаҷвияро омода менамоям ва Шуморо қарздор менамоям.

– Саломи дӯст бе тамаъ нест, – аз ин ҳаҷви мувофиқ ҳар ду баробар хандидем. – Бо чӣ маро қарздор менамоед? – хушҳолона савол партофт ҳачвнигор ва мошинро ба ҳаракат даровард.

– Драмаи «Карими Шиш»-ро ба саҳна мегузоред, – бо дили пур хоҳишамро ба забон овардам.

– Ҳадя ба ҳадя қарз гуфтаи мардум рост будааст, – аз ин шӯхии навбатиаш боз ҳар ду бо завқ хандидем.

Ҳамин тариқ, байнамон дӯстии ҳақиқии мустаҳкаме барқарор гардид ва ҳар гоҳе, ки ба шаҳри Бохтар мерафтам, ҳатман ба ҳузураш мешитофтам ва ӯ дар навбати худ гоҳ-гоҳе занг зада, аз ҳолу аҳволам бохабар мешуд.

Моҳи ноябри соли 2015 занг зада гуфт:

– Шуморо ба барномаи ҷашни 75-солагии зодрӯзи устод Убайдулло Раҷабов ба Кохи Борбад даъват менамоям.

– Ба ин ҷашнвора маро даъват накардаанд, – каме ранҷишомез ҷавоб гардондам.

– Даъватномаат дар кисаи ман, – Аловуддин хандида маро хурсанд намуд. – Шуморо дар даромадгоҳ интизорам.

Саросема ба Кохи Борбад шитофтам ва бо туфайли ғамхории дӯстам аз барномаи рангину пурмазмуну серхандаи Устоди ҳаҷв баҳра бурдам.

Пас аз чанд сол, аниқтараш, моҳи фврали соли 2022 дӯсти қадрдонам занг зад:

– Мутасаддии баргузории ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошам, – бо овози ширадораш хабар дод Аловуддин. – Ба ин ҷашвора Шуморо ҳатман даъват менамоям.

Хеле хурсанд шудам. Ва чӣ хел ҳам хурсанд нашавам? Зеро ки то ин занг дастандаркорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маро, ки дар ҳамин макон ба воя расидаам, аз иштирок ба ҳама гуна чорабинӣ маҳрум намуда буданд. Бо умеди шодиовар фарорсии ҷашни Наврӯзро бетоқатона интизор будам. Вале аз куҷо медонистам, ки ин занги охирини дӯсти мушфиқу меҳрубонам мебошад. Ба хабари маргаш бовар намекардам. Ба чанд дӯсту шиносам занг задам. Ҳамаи онҳо, яке бо ҳасрат, дигаре бо алам, сеюмӣ бо гиря, чорумӣ бо доду фиғон ин хабари шумро тасдиқ мекарданд. Ба гумонам, ҳамон рӯз тамоми мардум ҷумҳурӣ мегирист.

Ба тетри шаҳри Бохтар давида рафтам. Бо шогирдаш Ато Саидзода ба манзилаш рафта, бо дили реш-реш дуову фотиҳа хондем.

Инак, аз ба манзили охират сафар кардани дӯстам се моҳ сипраӣ гашта бошад ҳам, то ҳол бовар намекунам, ки дар паҳлуям  рафиқи гамгусорам Аловуддин нест.

Вале чӣ илоҷ? Ҳаёт аз хурсандиву шодӣ ва ғаму ғусса иборат аст. Се моҳ боз ними дилам ғамхонаро мемонад ва бо ними дили дигарам шӯхиҳояшро ба хотир оварда, дар лабонам худ аз худ табассум пайдо мешавад. Дар ин лаҳзаҳо ба худ қавл медиҳам, ки то зиндаам, меҳру вафояшро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамоям.

– Руҳат шод ва манзили охиратат обод бошад, дӯсти азизу мӯътабарам Аловуддин!

Зариф ҒУЛОМ, адиб

Сообщение ЗАНГИ ОХИРИНИ АЛОВУДДИН появились сначала на Фараж.

Leave a Reply

Your email address will not be published.