Зодрӯзи Саидумар Ҳусайнӣ муборак бошад!

By | 10.06.2022
Диданд: 40
0 0

Бунёди “Бузургмеҳр” ба хотири ҳамагон мерасонад, ки имрӯз 10-уми июн, зодрӯзи яке аз маҳбусони сиёсии кишварамон Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович аст. Ӯ бештар дар байни мардум ҳамчун Саидумар Ҳусайнӣ маъруф аст. Ӯ монанди дигар маҳбусони сиёсии Тоҷикистон низ рӯзи милодашро дар паси панҷараҳои зиндон мегузаронад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайниро дар асоси парвандаи беасос, бе далел, бо тақаллубкорӣ ва паси дарҳои баста бо вайрон кардани тамоми талаботҳои қонунгузорӣ ба ҷазои аз ҳама сангин ба ҳабси абад маҳкум ба зиндон кард.

Ҳисайнов Умарали Фатоҳович 10- уми июни соли 1961 таваллуд, зодаи ноҳияи Муъминобод, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, муовини аввали Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114, оиладор, соҳиби 10 фарзанд, пеш суд нашудааст, бо моддаҳои 187 қисмҳи 1 ва 2, 189 қисми 3 банди “а”, 307 қисми 3, 131 қисми 3 банди “а”, 32 қисми 3 – 309 қисми 2 банди “б”, 199 қисми 4 бандҳои “а, б, в”, 195 қисми 3, 104 қисми 2 бандҳои “а,б,ж,з,и,л,м,п”, 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,б,ж,з,и,л,м,п”, 179 қисми 3 банди “а”, 306, 313, 189 қисми 3 банди “а”, 307 қисми 1 ва 170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муттаҳам мешавад.

Ҳисайнов У.Ф., дар маҷлиси судӣ бо айбҳои эълоншуда худро гунаҳгор наҳисобида баён карда буд, ки дар ҲНИТ аз соли 1999 ба ҳайси Дабири кул, соли 2003 муовин ва соли 2007 муовини якуми ҲНИТ фаъолият карда, аъзои Раёсати олии ҲНИТ мебошад. Назарзода А.,-ро аз соли 1997, ки ба ҳайси командири баталиёни 25-ум таъин шуда буд мешиносад. Ҳамон солҳо бо дастури раиси ҲНИТ С.А.Нурӣ бо ҳайати шахсии баталиёни 25, ки баъд аз Созишномаи истиқрори сулҳ аз ҳисоби размандагони ИНОТ таъсис дода шуда буд, рафтуомад дошта дар таълиму тарбияи онҳо саҳмгузор буд. Бо ҳамроҳи ҳамкоронаш дар баъзан маъракаҳои Назарзода А., бо даъвати ӯ дар хонааш иштирок кардаанд, ки асосан ин ба рӯзҳои ид ё ягон маросим рост меоянд. Дар бораи ташкил додани иттиҳоди ҷиноятӣ ё содир намудани ҷинояте ягон маслиҳатро бо Назарзода А., Кабирӣ М., Ҳаитов М.Р. ва ё дигарон накарда, ҳама вақт тарафдори бо роҳи сулҳ ва созиш ҳал кардани масъалаю мушкилот буданд ва мебошанд.

Ҳисайнов дар идома гуфт, ки шоҳидҳо Муродов С ва Аюбов Ф-ро низ ҳамчун собиқ размандагони ИНОТ мешиносад, нишондодҳои онҳоро дар хусуси он, ки гуё аввалҳои моҳи марти соли 2015 дар хонаи Назарзода А. бо Назарзода А., Кабирӣ М., Ҳаитов М.Р, маслиҳати табадуллоти давлатӣ кардан ва ғайраро, ки айбҳо эълон шудааст, сохтаю бофта, беасос ва тӯҳмат меҳисобад. Чунин мешуморад, ки дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 роҳбарият ва аъзоёни ҲНИТ ягон рабт надошта, аз рӯи нишондодҳои шоҳидон Ҷалов А., Р.Раҳмоналӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин ҷиноятҳоро Назарзода А., бевосита барои ҳифз ва манфиатҳои шахсиаш содир кардааст. Зеро ин шоҳидон дар нишондодҳояшон баён карданд, ки аз ҷониби Назарзода А., қаблан чанд рӯз пеш ва шаби 3-4 сентябр 2015 арз шудаст, ки аз рӯи гуфтаи Сардори Раёсати зидди кашофии Вазорати мудофиа генерал Исҳоқов Д., мақомотҳои амниятӣ ӯро пайгирӣ дошта ба ҳабс мегиранд.

Ин маҳбуси сиёсӣ инчунин иброз доштааст, ки ҳарчанд аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ таи чанд соли охир нисбати фаъолияти роҳбарият ва аъзоёни ҲНИТ ҳаргуна фишорҳо барои қатъи фаъолият шуда бошад ҳам онҳо ягон тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ ҳал намудани масъаларо тарҳрезӣ накарда, баръакс расман ҷандин маротиба ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ муроҷиатҳо кардаанд.

Саидумар Ҳусайнӣ оид ба муносибатҳои Кабирӣ М. ва Назарзода А., ҳаминро медонад, ки онҳо дӯстӣ ва рафтуомади хонаводагӣ доштанд. Агарчӣ ягон ҷиноят Назарзода А., бо Кабирӣ М. содир карда бошад, онҳо масъул нестанд.

Дар ин рӯзи милод Бунёди “Бузургмеҳр” Саидумар Ҳусайнӣ ва хешу наздиконашро табрику муборакбод намуда, дар аввал ҳарчӣ тезтар озод шудан аз зиндон, тансиҳатӣ ва тамоми хӯшиҳои зиндагиро таманно дорад.

Ҳамзамон аз тамоми созмонҳои байналмиллалӣ ва дохилӣ, инчунин аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват карда мешавад, ки дар нисбати қазияи ин ва дигар маҳбусони сиёсии Тоҷикистон бетараф набошанд. Талошҳои худро баҳри озод кардани Саидумар Ҳусайнӣ дареғ надоред!

Зодрӯз муборак бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *