Ифтитоҳи расмии ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳузури Зулфия Давлатзода

Диданд: 7
0 0

Муҳаммадмаҳдӣ Имонипур, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар маҳалли ин созмон гуфт: “Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аз аввалин кишварҳое буд, ки дар Тоҷикистон сафорати худро бино кард ва ин ҳикоят аз ин дорад, ки мо истиқлоли Тоҷикистонро бовар дорем ва равобити ду ҷонибаро ба некӣ пазируфтаем”.

Вай афзуд: “мо барои ҳаргуна ҳамкории хуб дар ҳавзаи баргузории коргоҳи ҳунарӣ ва таомулоти донишгоҳӣ ва гуфтугӯҳои илмӣ ва табодули донишҷӯ омодагӣ дорем ва ҳар иқдоме, ки бихоҳед дар ҳавзаи илмӣ, гардишгарӣ ва ҳавзаҳои фарҳангӣ анҷом диҳед, мо ҳам омодаи ҳамкорӣ ҳастем.

Имонипур тасреҳ кард: “дидорҳои хубе дар рӯйдодҳои байналмилалӣ байни ду кишвар шакл гирифтааст ва масъулони ду кишвар равобити хубе бо якдигар доранд ва бисёр хушҳолем, ки шоҳиди баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ҳастем”.

Вай бо баёни инки зарфияти ду кишвар бо он чизе, ки ҳаст фосила дорад ва ба ҳар ҷиҳат, ки нигоҳ мекунем ҷуз дӯстӣ ва наздикӣ ва мушорикат чизи дигаре намебинем, тасреҳ кард: “ду кишвар дар заминаи одоб ва расму русум ва забон ба якдигар наздик ҳастанд ва рӯзҳои фарҳангӣ фурсати хубе барои тавсеа ва идомаи ҳамкориҳо аст”.

Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ибрози умедворӣ кард, ки шоҳиди рафтуомади нухбагон ва нависандагони ду кишвар бошем, чун ниёз ба восита надорем ва забони ҳар ду кишвар форсӣ аст.

Вай таъкид кард: “зарурати ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар масъалаи шаффоф ва равшан аст ва мо бояд аз иқдомот бигӯем ва тафоҳумоти мавҷудро иҷроӣ кунем”.

Имонипур бо ишора ба фаъолиятҳои Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ гуфт: “ин созмон масъули иҷроӣ кардани мувофиқатномаҳои фарҳангии Эрон бо дигар кишварҳо аст ва дар мувофиқатномаҳои фарҳангӣ масъалаи фарҳанг ва ҳамкориҳои илмӣ ва гардишгарӣ дида шудааст ва саъй дорем ин мувофиқатномаҳоро иҷроӣ кунем”.

Имонипур дар поён ёдовар шуд: “муддате аст, ки мо дар Тоҷикистон намояндаи фарҳангӣ надорем ва бо таваҷҷуҳ ба тавсеаи равобити ду кишвар умед аст, ки шоҳиди ҳузури намояндаи Эрон дар Тоҷикистон бошем”.

Зулфия давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ тайи суханоне дар ин дидор гуфт: “боиси хурсандӣ аст, ки рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон баргузор мешавад ва мо омодаи тавсеаи ҳамкориҳо ҳастем ва фурсати хубе барои тақвияти равобити фарҳангӣ ва ҳунарӣ вуҷуд дорад”.

Вай афзуд: ҳамкориҳои фарҳангии кишварамон дар тӯли 30 сол дастовардҳои муҳиме доштааст. Дар ин муддат ҳамкориҳои судманди ду кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта ва афзоиш ёфтааст ва ҳунармандони ду кишвар дар барномаҳо ҳузур доштаанд ва умедворем барномаҳои ду кишвар дар ҳавзаи фарҳанг ва ҳунар идома ёбад”.

Низомуддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ дар суханони кӯтоҳ гуфт: “рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон пас аз 14 сол фосила баргузор мешавад ва умедворем ин барнома бо назорати вазири фарҳанги Тоҷикистон ва бо такя ба муштаракот барномаи муваффақе бошад ва рӯзҳои фарҳанги Эрон низ дар Тоҷикистон баргузор шавад”.

Қайд карда мешавад, ки Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба манзури ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ҳузур ёфтааст ва ин рӯйдод бо ҳамкории Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ, вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ тайи рӯзҳои 3 то 8 октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табриз баргузор мешавад.

Ин рӯйдоди фарҳангӣ шомил иҷрои барнома тавассути гурӯҳҳои ҳунарӣ аз ҷумла гурӯҳи намоиш, гурӯҳ мусиқӣ, хондани шеър тавассути шоирони тоҷик ва баргузории намоишгоҳи наққошӣ, акс, ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон хоҳад буд.

The post Ифтитоҳи расмии ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳузури Зулфия Давлатзода appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *