Ихтисоси 20 млн доллари дигар барои сохтмони НБО “Роғун”

By | 24.11.2022
Диданд: 1
0 0

Ҳукумати Тоҷикистон маблағҳои мазкурро ба сохтмони НБО “Роғун” аз Бунёди суботи рушди иқтисоди кишвар ихтисос дода додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи кишвар дастур додааст, ки аз ҳисоби Бунёди суботи рушди иқтисод ба ҳисоби ҶСК НБО “Роғун” 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар) ихтисос диҳад.

Қарори дахлдори ҳукумат, ки 11 ноябри соли 2022 ба тасвиб раисдааст, дар Маҳзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар ҳуҷҷат омадааст :

“Бо дарназардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ нақшаи маблағгузории Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО “Роғун” дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022 танзим карда шавад”.

ҶСК НБО “Роғун” вазифадор карда мешавад, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, дар бораи хароҷоти сарфшуда ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод намояд.

Бунёди суботи рушди иқтисод тибқи моддаи 16 Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022” аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пур карда мешавад.

Маблагхои Бунёди мазкур, пеш аз хама, ба рушди саноати сузишворию энергетики, таъмини амнияти озуқавории ҷумхурӣ, пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ ва сари вақт иҷро намудани қарзи берунии давлатӣ равона карда мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки тавре қаблан мақомоти кишвар гуфта буд, барои анҷоми нақшаи сохтмони нерӯгоҳ кофӣ нест.

Ҳанӯз соли 2020 роҳбарияти кишвар ба гурӯҳи кории байниидоравии дахлдор супориш дода буд, ки барои дарёфти манбаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО “Роғун” чора андешад.

Ёдовар мешавем, қаблан Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо бунёдгарони НБО “Роғун” гуфта буд, ки дар соли равон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Ҳамҷунин дар хабарҳо омада буд :

Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар дидор бо сафири Аргентина дар Тоҷикистон хостори ҷалби бештари сармояи Аргентина ба ҷумҳурӣ шуд.

Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ дар дидор бо Сафири навтаъини Аргентина дар Тоҷикистон Леополдо Франсиско Саҳорес масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишварро баррасӣ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ дар рафти вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби бештари сармояи Аргентина ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Аргентина, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Инчунин тарафҳо дар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз” мубодилаи афкор намуданд.

Вазорати иқтисод таъкид кардааст: “Ҳамзамон пешниҳодҳо барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар ҳудуди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи энергетика дар қаламрави кишвар бо истифода аз сармояи аргентинӣ манзур гардид, ки хуш пазируфта шуд”.

Қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

 

The post Ихтисоси 20 млн доллари дигар барои сохтмони НБО “Роғун” appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *