Кумаки нақдии ЮНИСЕФ ба 111 хонаводаи афғонистонӣ

By | 25.11.2022
Диданд: 2
0 0

Сандуқи байналмиллалии ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид ЮНИСЕФ эълом кард, ки дар зимистони имсол ба 111 ҳазор хонаводаи афғон кумаки нақди мекунад.

Ба гузориши манбаъ : 

ЮНИСЕФ рӯзи сешанбе дар Твиттер навишт: Кумакҳои нақди яке аз муҳиматрин роҳҳо барои ҳимоят аз хонаводаҳои афғон аст.

Ин ниҳоди байналмиллали афзӯд: Дар Афғонистон миллионҳо нафар қодир ба таъмини ниёзҳои авалияи хонаводаҳои худ нестанд.

ЮНИСЕФ афзӯд, зимистони  пеш рӯ фақат шароитро бадтар хоҳад кард.

Кумаки нақдии ЮНИСЕФ ба хонаводаҳои афғон дар ҳоле аст, ки раиси бахши амалиётии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх якшанбеи гузашта бо ишора ба зимистони пеш рӯ гуфт: Мардуми Афғонистон дар маърази фақри шаддид ва бемори қарор доранд.

Мартин афзӯд: ба далели солҳо ҷанг ва мушкилоти иқтисодӣ, зиндагии марудми Афғонистон ба шиддат таҳти таъсир қарор гирифта аст.

Раиси  Сандуқи Созмони Миллали Муттаҳид  дар Афғонистон низ дар хусуси камбуди васоили гармоиши дар ин кишвар бо таваҷӯҳ ба фарорасидани фасли сармо, ҳушдор доду гуфт: 79 дарсади мардуми ин кишвар ба васоили гармоиши дастарсӣ надоранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сандуқи кӯдакони Миллаи Муттаҳид ЮНИСЕФ дар хусуси афзоиши суи тағзия дар байни кӯдакони Афғонистон ҳушдор дод.

Сандуқи кӯдакони Миллаи Муттаҳиди ЮНИСЕФ дирӯз сешанбе эълом кард, шумори кӯдакони дорои суи тағзия дар Афғонистон дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 47 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ шуморе аз кӯдакон пеш аз расидан ба бемороистон ба иллати суи тағзия ҷон бохтаанд.

Сандуқи кӯдакони  Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) камбуди манобеъро мушкили муҳим Афғонистон унвон кард.

Дар ҳамин ҳол дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардустонаи Созмони Миллал дар гузорише аз афзоиши суи тағзияи кӯдакони афғон ибрози нигаронӣ кард.

Созмони ҷаҳонии ғизо (WFP) ҳам  ахиран бо интишори гузорише эълом кард, бӯҳрони иқтисоди дар Афғонистон вахимтар шудани авзоъи таҳияи ғизо тавассути волидайн барои фарзандонашон ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Бар асоси ин гузориш дар Афғонистон аз ҳар да нафар нуҳ нафар ғизои кофи дар ихтиёр надоранд. Бархе Созмонҳои башардустона теъдоди афғонҳое, ки ба ғизои кофи дастараси надорандро 19 миллион нафар задаанд.

 

The post Кумаки нақдии ЮНИСЕФ ба 111 хонаводаи афғонистонӣ appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *