КӮДАКИ ПАНҶСОЛАИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ АЗ ҚАБАТИ 18-УМИ БИНО АФТОДААСТ

By | 01.02.2022
Диданд: 15
0 0

Як кӯдаки панҷсолаи оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шоми 31 январ дар кӯчаи Лухмановская дар шарқи Маскав аз тирезаи қабати 18-уми бинои истиқоматӣ ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, кӯдак дар роҳрави қабати 18-уми  бинои 24-қабата дар маҳаллаи Косино-Ухтомский бозӣ мекард, ки ба сабаби ҳанӯз норавшане аз тиреза ба замин афтодааст. Ӯ ҳанӯз то омадани табибони “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст ва табибон танҳо марги кӯдакро тасдиқ кардаанду халос.

Маълум нест, ки ба кадом далел дар ин фасли зимистон, ки ҳарорати ҳаво дар Маскав сард аст, тирезаи роҳрави бинои истиқоматиро кушода гузоштаанд?

Ёвари аршади раҳбари раёсати тафтишоти шаҳри Маскав Юлия Иванова рӯзи 1 феврал хабар дод, ки дар робита ба марги ин кӯдак шухбаи тафтишотии минтақаи Перово бар асоси қисми якуми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ба ҳалокат расондан аз беэҳтиётӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

 “Бино ба маълумоти тафтишот, шоми 31 январи соли 2022, дар назди як бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Лухмановская шаҳри Маскав ҷасади як кӯдаки соли таваллудаш 2017 бо ҷароҳатҳои хоси афтодан аз баландӣ пайдо карда шуд. Муайян карда шуд, ки кӯдак аз қабати  18-уми  бино ба замин афтодааст”, – гуфт Юлия Иванова.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи сабабҳои ин ҳодисаи фоҷиабор, ки бо марги кӯдак анҷомид идома дорад. Муфаттишон аз ҷумла хешовандони кӯдак, ҳамсояҳо ва шоҳидони эҳтимолии ин ҳодисаро бозпурсӣ мекунанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд.

Ҳодисаҳои нохуш ва фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Leave a Reply

Your email address will not be published.