Маск: Украина мағлуби Русия мешавад

Диданд: 9
0 0

Илон Маск, тоҷири амрикоӣ дар Твиттер навишт: ” Гумон намеравад, ки Украина дар ҷанги васеъмиқёс бо Русия пирӯз шавад.”

Маск гуфт, Русия дар ҳоли ҷамъоварии бахше аз неруҳои худ аст; агар Крим дар баробари хатар қарор гирад, онҳо ба самти неруҳои умумӣ барои ҷанги васеъмиқёс мераванд; куштор дар ҳар ду тараф вайронгар хоҳад буд.

Вай афзуд, Русия 3 баробари Украина ҷамъият дорад, дар натиҷа пирӯзии Украина дар як ҷанги васеъмиқёс бо Русия баъид ба назар мерасад. Агар шумо ба фикри мардуми Украина ҳастед, дар пайи сулҳ бошед.

Ин тоҷири амрикоӣ пеш аз ин як овоздиҳӣ дар мавриди сулҳ дар Украина дар Твиттер ба роҳ монда буд.

Сарватмандтарин шахси ҷаҳон пешниҳод карда буд то як ҳамапурсии нав бо назорати Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаҳое, ки дасти Русия афтодааст (Донбасс, Херсон ва Запороже баргузор шавад ва Украина аз иддао дар мавриди Крим даст бикашад ва ба як кишвари бетараф табдил шавад. Дар ин ҳамапурсӣ 60 дарсад бо ин лоиҳа мувофиқа карда буданд.

Дар пайи эълони назари Илон Маск дар робита ба роҳи ҳалли даргириҳои Русия ва Украина, Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Крим Михаил Шеремет гуфт, Одамоне ба мисли Илон Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Ҷо Байден, ки кишварро ба қотили байналмилалӣ табдил дод.

Ин изҳороти Маск норозигии бисёриҳо дар Украина аз ҷумла раисҷумҳур, Владимир Зеленскйиро ба вуҷуд овард.

Дар посух Маскав таъкид намуд, ки итминон дорад, авҷ гирифтани ҷанг ба Украина ва эҳтимолан барои ҷаҳон хисороти бузурге хоҳад овард.

The post Маск: Украина мағлуби Русия мешавад appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *