Мақомот Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро боздошт кард

Диданд: 94
0 0

Додситони ноҳияи Шоҳмансур рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро расман боздошт ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз кард.

Ба гузориши Радиои Озодӣ рӯзноманигорон шоми дирӯз, 15-июн ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт шуданд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС)-и шаҳри Душанбе қарор доранд.

Гуфта мешавад, мақомот алайҳи Далери Имомалӣ бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва 346 қисми 2 банди А “дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аммо “рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1, яъне “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар донистаанд.”

Вакили дифои рӯзноманигорон Абдураҳмон Шарипов аз қавли Далери Имомалӣ гуфта, ки ӯ аз фаъолияти блогерияш фоидаи каме ба даст овардааст, аммо намедонист, ки бояд андоз супорад. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Абдулло Ғурбатиро дар аввал раҳо карда ва баъдан бо гуноҳи дарафтодан бо милисаи назди дар дубора боздошт кардаанд. Аммо худи Ғурбатӣ ин иттиҳомро рад карда, гуфта, ки бо милиса даргир нашудааст.

Боздошти рӯзноманигорон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Далери Имомалӣ аз боздошти 5-соата ва лату кӯб шуданаш хабар дода буд. Ва инчунин субҳи дирӯз низ дар саҳифаи фейсбукиш навишта буд, ки “Агар бо ман чизе шуд ман дар милитсияи н. Айнӣ. Мехостам Конибодом сабти филм равам.”

Ҳангоми боздошти аввали Далери Имомалӣ, ки рӯзи 4-уми июн баъд аз пахши як навори баҳсбарангез сурат гирифт, яке аз прокурорҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки гуфта мешавад, писари вазири адлияи Тоҷикистон ва домоди раиси Суди олӣ аст, рӯзноманигорро лату кӯб карда буд. https://azda.tv/makomot-dalieri-imomali-va-abdullokhi-gurbatiro-bozdosht-kard/

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *