Миллионҳо сомонӣ зарар: пайомади офатҳои табиӣ дар Суғд маълум шуд

By | 11.06.2022
Диданд: 19
0 0

Мақомоти Суғд гуфтанд, ки давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят чанд офати табиӣ сар задаву бар асари он чанд миллион сомонӣ зарар расидааст

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Хисороти офатҳои табиӣ дар ҳудуди вилояти Суғд давоми панҷ моҳи сипаришуда, 4 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар ин бора Диловар Ҳамдамов, сардори маркази матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд зимни ироаи омор дар хусуси офатҳои табиӣ хабар дод.

Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар умум дар ҳудуди шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Панҷакент, Масчоҳи Кӯҳӣ 8 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

«Аз ҳисоби селхезӣ роҳҳо, манзилҳо, заминҳои кишоварзӣ тахриб шуданд ва ин офот ба хоҷагии халқи вилоят наздик ба 4 миллион сомонӣ зарар расондааст”, – гуфт Ҳамдамов.

Мақомот мегӯянд, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ, хушбахтона, ягон ҳодисаи ҳалокат дар миёни сокинон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Котиби матбуотии КҲФ афзуд, хисороти селхезӣ дар ноҳияи Ашт, ки ахиран рӯзи 30 май рух дод, ба беш аз 1 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки бар асари омадани сел дар ҳудуди деҳаҳои Ашт ва Пунук дар умум 20 пул, ҳудуди 8 километр роҳ ва 32 ҳавлии сокинони ҷамоат хароб гардидааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published.