Мусалмон шудани як хонаводаи бразилӣ дар ҳошияи Ҷоми ҷаҳонии Қатар

By | 25.11.2022
Диданд: 2
0 0

Аъзои як хонаводаи бразилӣ бо ҳузур дар як масҷиди маъруф дар шаҳри Доҳа мусалмон шуданд.

Бар асоси наворе, ки аз суи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, аъзои ин хонавода пайвастани худ ба дини Исломро эълон мекунанд.

Яке аз воизон аз модари ин хонавода дар бораи эҳсосаш пурсид, ки ӯ гуфт: ман намедонам читавр онро баён кунам. Ин эҳсосе аст, ки қалби манро мутаассир кардааст.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии Қатар дар ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ мебошад ва кишвари Қатар ба унвони як кишвари исломӣ ниҳояти талоши худро барои ошноии тамошобинони ин ҷом ба кор гирифтааст.

манъи истифода аз нӯшокиҳои спиртӣ ва ҷилагирӣ аз вуруди тамошобинон бо парчами ҳамҷинсгароён аз намунаҳои ошкор иқдом хуби Қатар дар айёми Ҷоми ҷаҳонӣ мебошад.

The post Мусалмон шудани як хонаводаи бразилӣ дар ҳошияи Ҷоми ҷаҳонии Қатар appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *