Мустанади МТЖТ аз муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико

By | 10.06.2022
Диданд: 17
0 0

Бахшида ба муносибатҳои 30-солаи Тоҷикистон ва Амрико филми мустанади “Армуғони дӯст” аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Филм аз муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико дар тӯли 30 сол мегуфт ва ба дастгириҳои ин ҷониб таъкид мекард.

Дар мизи мудаавари имрӯз, ки рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд, ҳамзамон пешниҳод шуд, фаъолияти рӯзноманигорӣ ва журналистикаи ду кишвар ба ҳамин зайл муаррифӣ шавад ва ҷонибҳо табодули таҷриба дошта бошанд.

Ҳурринисо Ализода, рӯзноманигор ва раиси Шӯрои ВАО дар Тоҷикистон, дар ин нишаст гуфт, рӯнамоӣ шудани муносибатҳои се даҳсола дар ин муддати кӯтоҳ душвор аст ва инро сарфи назар набояд кард.

Дигар журналистони кишвар аз муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико ва мустанади “Армуғони дӯст” ишҳори қаноатмандӣ карданд.

Парвиз Муборакшоев, намояндаи сафорат дар ин чорабинӣ аз лоиҳаҳои кишвари Амрико дар Тоҷикистон ҳарф зад ва афзуд, ҳар гуна пешниҳоде барои пешбурди қисм ба қисми кишвар доред, ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон муроҷиат кунед.

Ёдовар мешавем, Амрико аз нахустин мамлакатҳое буд, ки соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро расман шинохт ва ин нишаст низ ба таҷлили 30-солагии муносибатҳои ҳасана байни ду кишвар доир гашт.

Сообщение Мустанади МТЖТ аз муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико появились сначала на Фараж.

Leave a Reply

Your email address will not be published.