НОЗИРОНИ БДА Ё РОҲЗАНОН? ШИКОЯТИ ЯК СОКИН БА ВАЗИР

By | 30.01.2022
Диданд: 17
0 0

Ҳабиб Алиев, як сокини Панҷакент дар як номаи саркушода ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва сардори раёсати БДА вилояти Суғд Сӯҳроб Қурбонзода аз рафтори ғайриқонунии кормандони БДА нисбат ба ӯ дар мавзеи Деҳмой шикоят кардааст.

Матни шикояти Ҳабиб Алиев чунин аст:

Хабиб Алиев

Бознащр аз гуруҳи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ”

Нозирони БДА ё рохзанон.

Ба Вазири Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон Рахимзода Рамазон Хамро.

Сардори раёсати БДА-вилояти Сугд Курбонзода Сухроб Амирали.

Камина рузи 30.01.2022 аз шахри Хучанд бо хамрохии оилаам ва як чиянам ба тарафи Панчакент бо мошини шахси сафар доштем.

Баъди гузаштан аз тарозуи Дехмой 300 метр нозири БДА маро маън намуд хол он ки ман аз руи 55 км/соат харакат мекардам.

У худашро корманди БДА -вилоят муарифи намуда аз ман хучатхои ронандаги талаб намуд.

Сабаби боздошт шудани худро пурсон шудам у ба ман гуфт ки вакти ту аз автомашинаи портер обгон карди суръати харакатат 86 км/соат буд, ман ба у фахмонидам ки ман аз якум линияи тарозу гузаштам портер аз сеюм баромад ончо обгон нест вай линия ва аз тарозу якбора бо ин суръат баромада намешавад ту суръати радаратро ба ман нишон бидех то ман бовари хосил кунам ва сертификати радаратро нишон бидех у ба ман гуфт ако акалан набошад хуччататро хамту бинам ман хучатхои худро пешкаш намудам у хучатхои маро гирифта ба назди ду милиционер ки дар даруни мошин дар як чои пинхон менишастанд ва яке аз онхо майор Чобиров Ф буд бурда дод ва гуфт ки суръати баланд 86 км/соат.

Дар он вакт дар назди ин майор боз як ронандаи дигар ки суръати ваям гуё баланд будааст гапу гузор дошт ва маро гуфт ки он тарафтар аз мошинаш дур истам.

Дар пушти мошин як шахс бо либосхои граждани бо телефони худ гуфтугуй карда истода буд дар гуш телефон маро назорат мекард ки чи кор мекунам.

Баъди ронандаи дар навбат бударо чавоб доданаш майор маро ба назди худ даъват намуда бо лахчаи чануби гуфт ки “ха ака чида тез меои”…ман ба у фахмонидам ки ин тухмат аст барои чи радаро нишон намедихад ман бинам ва бовари хосил кунам .

Майор мошин дар чои пинхон ки тамоман ягон тарафи рохро намебинад нишастаст ва нозири БДА ро ба наздаш даъват намуд ,нозири БДА дид ки шарманда мешавад ба тухмати дуюм сар кард ки гуе ман нодуруст обгон баромадаам ман ба онхо гуфтам ончо полоса чи хел нодуруст обгон кардаам майор гуфт ки “64 сомон бите бра ака спор накун”

Ман гуфтам дар асоси чи ман ба шумохо 64 сомони дихам гуфт квитанция медихам, ман рози нашудам бе асос тухмат накунетон гуям маро тура “протокол” мекунам гуфта ба хулосае омаданд ки маро дар асоси моддаи 325 кисми 3 чаримабанди мекунанд.

Ман дар протоколи тартибдодаи онхо навиштам ва дастхат гузоштам ки хамааш тухмат нохак аст ва ягон хел конуни харакати рохро ман вайрон нанамудаам.

Онхо шахси бо телефон гуфтугу кунандаро шохид намуданд,ки вай тамоман надидааст ва дар чои пинхон бо телефонаш гуфтугу мекард.Албатта худо барои ин шохидии нохак чазояшро медихад.

Акнун саволе ба миён меояд ,ки агар ман бо суръати баланд харакат менамудам чаро нозири БДА суръати дар радараш бударо ба ман нишон надод???

Агар ман 64 сомони медодам мисли ронандаи аз ман пеш чавоб додааш майор Чобиров Ф раками сари синагиаш 02.058 маро низ протокол намекард хамту чавоб медод.

Ман хостам хамаи инро дар телефони мобили сабт намоям лекин майор маро тахкир намуд дуг зад,акалан намонд ки протоколи тартибдодаашро расм гирам.

Баъди тартиб додани протокол техпоспорти мошинро талаб намуда худаш боз омада мошини маро аз санчиш гузаронд то ин ки ягон камбуди ёбад,вале мутаасифона ягон хел камбуди наёфт баъд дигар хуччатхои маро баргардонида дод.

Мухтарам чанобон аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям,ки пеши рохи чунин конуншиканихоро гиред ба ин хел порахуру тамаъкору тухматчихо чазо дихед.

Бо эхтиром Алиев Хабиб.

шахри Панчакент.

Leave a Reply

Your email address will not be published.