Ончи дар Масҷидул-Ақсо рӯй медиҳад, воқеан хатарнок аст

Диданд: 9
0 0

 

Раиси ҳайати олии исломӣ дар Қудс, бо ишора ба таҷовузоти саҳюнистҳо алайҳи Масҷидул-Ақсо, онро бисёр хатарнок тавсиф кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шайх “Акрама Сабрӣ”, раиси ҳайати олии исломӣ дар Қудс гуфт, ки низомёни режими палид ва хунхори саҳюнистӣ ин бор эътикоф кунандагон дар Масҷидул-Ақсоро ба сурати густурда саркӯб карда ва ин масҷидро ба подгон ва казармахои низомӣ табдил кардаанд.

Шайх Акрама Сабрӣ гуфт: «ончи имрӯз рух медиҳад бисёр хатарнок аст ва режими ишғолгари саҳюнистӣ саъй дорад иродаи худро аз тариқи хушунат ва хунрезӣ таҳмил кунад».

Шайх Акрама Сабрӣ таъкид кард, ки набояд сокинони Қудсро дар майдони дифоъ аз Масҷидул-Ақсо танҳо гузошт.

Бинобар гузориши шабакаи Ал-Манор, Шайх Акрама Сабрӣ бар зарурати иқдоми кишварҳои арабӣ ва исломӣ барои ёрии Масҷидул-Ақсо ва ҳимоят аз он дар баробари режими ишғолгар ва кӯдак куши саҳюнистӣ таъкид кард ва аз ҳозирин дар ин Масҷид хост то таслим нашуда ва теъдоди зиёде аз онҳо барои муқобила бо юришҳои шаҳрак нишинон дар ин Масҷид ҳузур дошта бошанд.

Гурӯҳе аз шаҳрак нишинони саҳюнистӣ субҳи имрӯз (сешанбе, 27 сентябр), барои дувумин рӯзи мутаволӣ ба баҳонаи оғози соли нави ибрӣ, бо ҳимояти низомёни палиди саҳюнистӣ ба саҳнҳои Масҷидул-Ақсо ҳамла бурданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар рӯзҳои ахир шаҳрак нишинон ва низомиёни палиди саҳюнистӣ ба баҳонаҳои мухталиф ба Масҷидул-Ақсо ҳамла мебаранд ва Фаластиниёни мазлум ва бе дифоъро саркуб ва боздошт мекунанд.

The post Ончи дар Масҷидул-Ақсо рӯй медиҳад, воқеан хатарнок аст appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *