Падари Чоршанбе: “бори дувум мулоқот кардем, аммо оғози мурофиа ҳанӯз маълум нест”

By | 31.01.2022
Диданд: 22
0 0

Авазхон Паҳлавонов бо писараш размикори маъруфи тоҷики риштаи ММА ва блогер Чоршанбе Чоршанбиев, ки чанде пеш аз Русия ихроҷ ва дар фурудгоҳи Душанбе аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, бори дуввум мулоқот кардааст. Ин мулоқот, дирӯз, 27-уми январ дар боздоштгоҳи муваққатӣ  сурат гирифтааст.

Дар ин бора Авазхон Паҳлавонов ба «Азия-Плюс» хабар дод.  

Авазхон Паҳлавонов дар суҳбат изҳор кард, ки дирӯз 27-уми январ маротибаи дуввум бо писараш дар боздоштгоҳи муваққатӣ дидорбинӣ кард. Ӯ гуфт, ки «писарам хуб аст ва ҳеҷ мушкиле надорад. Бо ӯ вохӯрӣ ва суҳбат кардем, алакай бори дуввум ва ҳеч монеае эҷод нашудааст».

Падари Чоршанбе ҳамзамон гуфт, ки ҳимоятгарони ҳимоятгарон аз рӯи парванда кор намуда истодаанд. «Вале то ҳол маълум нест, ки кай мурофиаи додгоҳӣ оғоз мегардад», – гуфт Авазхон Паҳлавонов.

Инчунин дар мавриди вохӯрии падару писар фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, Музаффар Имомдодов низ дар саҳифаи фейсбукии худ низ хабар додааст.

Баъди дидорбинии дирӯза, Имомододов навиштааст, ки «Чоршанбе  худро олӣ ҳис мекунад. Умедворам, ки ӯ ба зудӣ озод мешавад».Чоршанбе Чоршанбиев


Бояд гуфт, ки Авазхон Паҳлавонов (Чоршанбиев) ва Чоршанбе Чоршанбиев бори аввал рӯзи 13-уми январ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дидорбинӣ намуданд.

Гуфта мешуд, ки ҳамроҳи падари Чоршанбе, ҳамчунин модарбузургаш низ ба дидор рафта буд.

Дар навори видеоие, ки баъди дидорбинӣ Музаффар Имомдодов нашр карда буд, падари Чоршанбе мегӯяд, вазъи саломатӣ ва ҷойи нигаҳдошти писараш хуб аст.

«Ҷойи нигаҳдошти писарам гарм, ҳатто барояш толори варзишӣ низ додаанд, ки тамрин намояд. Касе ӯро шиканҷа накардааст ва ҳолаташ хуб мебошад. Ҳоло тафтишот идома дорад ва мо низ ҳоло намедонем, ки чӣ гап мешавад»,- мегӯяд Авазхон.

Ҳамзамон, дар навори мазкур Музаффар Имомдодов аз мардум хостааст, ки ба суханони бардурӯғ дар мавриди нигаҳдошти Чоршанбе ва шиканҷаи ӯ бовар накунанд.

Ёдрас мешавем, ки додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 30-юми декабри соли 2021 дар хабаргузории давлатии “Ховар” боздошти Чоршанбиевро таъйид кард ва аз боз шудани парванда бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноӣ–189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 307 (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро (экстремистӣ) алайҳи Чоршанбиев хабар дод.

Мақомот ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ба ҳайси як блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз суханҳои иғвоангез истифода мебурд, бахусус дар саҳифаи шахсии худ дар “Instagram” ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва даъват ба бетартибиҳои оммавӣ машғул буд.

Read more: Asiaplus

Leave a Reply

Your email address will not be published.