Пардохти андоз – рушди давлат ва таъмини зиндагии шоиста

By | 10.06.2022
Диданд: 13
0 0

Дар яке аз баромадҳои худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд: “Ҷиҳати афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи сода намудани низоми андозбандӣ тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ба таври ҷиддӣ идома дода шавад”.

Мақомоти андози вилояти Суғд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти кории худ намудаанд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат дар хусуси соҳаи андоз суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд: “Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.

Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд”.

Ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат ба рушди ҷомеа ва соҳаи андоз равона гардидааст ва ҳар фарди ҷомеа, бахусус кормандони андоз ва соҳибкорон бояд аз ин имконият ва шароити мусоид самаранок истифода намоянд.

Аз рӯзҳои аввали арзи вуҷуд кардани мақомоти андоз ҳадафи асосии он бо роҳи таъмин намудани иҷро ва назорати амалисозии қонунгузории андоз, дар ҳамдастӣ бо андозсупорандагон, бо дарназардошти риоя ва ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии онҳо, мунтазам афзоиш додани воридшавии маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ мебошад.

Албатта, аз он вақт то ин дам мақомоти андоз бо Сарварӣ ва сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ниҳоди пурқуввату тақдирсози давлатӣ ва ҳамкори шарикии андозсупорандагон табдил ёфтааст.

Чӣ тавре, ки гуфта мешавад, низоми миллии андоз дар давраи оғози эҳёи давлатдории Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин рукни бунёдии истиқлолияти давлатӣ ва асоси молиявии мавҷудияти давлат ба миён омадааст.

Албатта, таъсисёбӣ ва ташаккул ёфтани системаи муосири андози кишвар бо номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҳти роҳнамоии он кас рушди минбаъдаи соҳа низ самаранок амалӣ гашта истодааст, пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо ташаббуси Сарвари давлат доир ба такмил додани қонунгузории андоз корҳои зиёди барои низоми андоз ва андозбандии кишвар тақдирсоз анҷом дода шуданд.

Дар Кодекси андоз тамоми муқаррароти маъмурии дахлдори ҳамаи шаклҳои андоз, намуди мушаххаси андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мегарданд, гирд оварда, ба андозгузорон додани рақами мушаххаси андозсупоранда пешбинӣ гардид ва шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд.

Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз Мақомоти андози вилояти Суғд фаъолияти худро пеш бурда истодааст ва бояд ёдовар шуд, ки Мақомоти андози вилояти Суғд дар панҷ моҳи соли 2022 нақшаи тасдиқшудаи қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 106,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1 млрд 626,5 млн. сомонии нақшавӣ, ба буҷети давлат бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1 млрд 726,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 99,6 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 246,0 млн. сомонӣ ё худ 16,6 фоиз зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи тасдиқшуда қисми даромади буҷети давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуд.

Бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба коҳиш додани бақияи қарзи андозҳо ва воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ як қатор чораҳои руёнидани қарзи андозҳо андешида шудаанд.

Бақияи қарзи андозҳо дар нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба санаи 01.05.2022 маблағи умумии 62,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 3,8 млн. сомонӣ кам гардидааст.

Ҷиҳати роҳандозӣ намудани усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар асоси талаботи моддаҳои 132 – 135 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии қарздорон 10100 адад огоҳиномаҳо ба маблағи 63,7 млн. сомонӣ ирсол гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 2122 адад қарорҳои дар доираи талаботи қонунгузори ҷумҳурӣ руёнидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 57,3 млн. сомонӣ қабул ва мавриди иҷроиш қарор дода шудааст. Аз ҳисоби қарорҳои қабул намудаи қарзи андозҳо дар ин давра 34,3 млн. сомонӣ ворид шуда, иҷроиши 1247 адад қарор пурра таъмин гардид.

Дар маҷмуъ, аз ҳисоби қарорҳои қабулгардида оиди руёнидани қарзи андозҳои солҳои қаблӣ ва дар 5 моҳи соли 2022 қабулгардида 45,2 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти андози вилоят 2873 субъекти хоҷагидор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба онҳо ба сифати ҷазо 11,9 млн. сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Шумораи протоколҳои маъмурӣ нисбати ҳамин давраи соли 2021 – 638 адад кам буда, маблағи ҷаримаи татбиқшуда 1,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби ҷаримаҳои таъиншуда ба буҷети давлатӣ 10,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ба 84 фоиз баробар аст.

Ба санаи 1-уми май соли ҷорӣ бо истифода аз барномаи компютерӣ 55300 нафар андозсупорандаи вилоят ё худ 65,6 фоиз онҳо эъломия ва ҳисоботи андозро дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, ки мақомоти андоз кӯшиш менамояд, барои зиёд кардани шумораи чунин андозсупорандагон тадбирҳои иловагӣ андешад.

Яке аз роҳҳои муассир ва самараноки амали намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба риояи қонунгузории андоз, баланд бардоштани тафаккур ва маърифати андозсупорӣ ба шумор меравад.

Бо назардошти аз 1-уми январи соли ҷорӣ мавриди амал қарор дода шудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва бо мақсади бо шаҳрвандон, мутахасиссон ва андозсупорандагон анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Кодекси нави андоз нақша – чорабиниҳо қабул гардида то ба имрӯз зиёда аз 218 семинар-машваратҳо бо иштироки беш аз 7000 нафар андозсупорандагон баргузор шуда, дар ҳамкори бо воситаи ахбори омма, ҳафтаномаву рӯзномаҳо маводҳо ба нашр расонида шуда, барномаҳои телевизионӣ омода ва пешкаши тамошобино гардиданд. Ба ҳисоби миёна шумораи семинар – машваратҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 10 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин давра ба миқдори 6612 дона Кодекси андоз ва зиёда аз 5000 варақаҳои таблиғоти оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №151 “Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда” ба андозсупорандагон ройгон дастрас карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳикорон доир ба тартиби гузариш аз патент ба шаҳодатнома бо шартҳои махсус тавзеҳоти мухтасар ироа намудааст ва муҳтавои он чунин аст, ки тибқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №151 тасдиқ гардидааст, соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба 3 гуруҳ ҷудо карда шудаанд. Аз ҷумла:

– Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи Патент;

– Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи шаҳодатнома бо шартҳои махсус;

– Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродӣ дар низомҳои махсуси андозбандӣ.

Бинобар ин, соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо ба қарори мазкур мутобиқат намекунад, уҳдадоранд то 1 июли соли 2022 ба Мақомоти андози маҳалли қайди худ муроҷиат намуда, фаъолияти соҳибкории худро ба тартиби нав мутобиқ намоянд.

Бояд қайд намуд, ки иваз намудани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва мутобиқ намудани гуруҳи фаъолият ба тартиби нав дар мақомоти андоз ройгон анҷом дода мешавад.

Албатта, бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат Мақомоти андози вилояти Суғд фаъолияти пурсамар намуда истодааст ва чунон, ки ба ҳамагон маълум аст, ба соҳибкорон имкониятҳои зиёде дода шуд, ки дар натиҷаи ин соҳибкорон тавонистаанд, ки корхонаву иншоотҳои зиёдеро дар вилояти Суғд бунёд намоянд ва ин имконоти мусоид барои беҳтар гардидани зиндагии мардум саҳми назарраси худро гузоштааст.

МТЖТ

Сообщение Пардохти андоз – рушди давлат ва таъмини зиндагии шоиста появились сначала на Фараж.

Leave a Reply

Your email address will not be published.