Путин ҳар кореро, ки бихоҳад анҷом медиҳад

Диданд: 7
0 0

 

Раиси ҷумҳури Туркия тайи изҳороте гуфт, ки “Владимир Путин”, ҳамтои русии ӯ ҳар кореро, ки ирода кунад, анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Раҷаб Тайиб Эрдуғон”, раиси ҷумҳури Туркия шаби гузашта (чаҳоршанбе) дар васфи “Владимир Путин”, ҳамтои русии худ ва изҳорнзр дар бораи барномаҳои Маскав дар пайи натоиҷи ҳамапурсӣ дар шарқи Украина, гуфт, ки агари «раиси ҷкмҳури Русия қасди коре дошта бошад, онро анҷом хоҳад дод».

Тибқи гузориши пойгоҳи хабарии “Русия Алявм”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бор дигар дар бораи ҳамапурсии баргузор шуда дар ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожё, аз илҳоқи ин манотиқ ба Русия ибрози нигаронӣ кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ба нақл аз хабаргузориҳои Туркия таъкид кард: «ин масоил мумкин аст ба ин далел иттифоқ биафтад, ки оқои Путин, ки ман медонам агар ба коре фикр кунад анҷом медиҳад; Шавоҳид ва мавқеиятҳои вуҷуд дорад, ки ин мавзӯъро собит мекунад».

Раиси ҷумҳури Туркия афзуд: «ба ҳамин далел барои дидори фардо бо Владимир Путин (ки дар рӯзи панҷшанбе пешбинӣ мешавад) аҳамияти зиёде қоил ҳастам. Умедворам ин мавзӯъро дар ҳамин нуқтае, ки ба он расидааст раҳо кунем ва ба самти дипломосӣ ҳаракат кунем».

Ин дар ҳоле аст, ки ҳамапурсии илҳоқи манотиқи Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожё, ба Русия аз ҷумъа (23 сентябр) оғоз шуда ва то 27 сентябр идома ёфт. Ба гузориши хабаргузории Reuters, манотиқи Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожё, дар маҷмӯъ ҳудуди 15 дарсад аз хоки Украинаро ташкил медиҳанд.

Пеш аз ин, хабаргузории “ТАСС”-и Русия гузориш дод, ки раванди илҳоқи минтақаи Донбасс, Херсон ва Запорожёи Украина ба Русия рӯзи 30 сентябр  такмил хоҳад шуд. Ҳоло натоиҷи аввалия ҳокӣ аз он аст, ки дар ҷумҳурии халқи Донетск беш аз 99 дарсад аз раъйдиҳандагон хостори илҳоқ ба Русия шудаанд. Дар Луганск ҳам натоиҷи мушобеҳи ба даст омад ва беш аз 98 дарсад аз ин ида ҳимоят кардаанд.

The post Путин ҳар кореро, ки бихоҳад анҷом медиҳад appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *