Тафсири Конститутсия (ВИДЕО)

By | 03.06.2022
Диданд: 15
0 0

Бунёди “Бузургмеҳр” тасмим гирифтааст, ки силсисабарномаи “Тафсири Конститутсия”-ро пешкаши шумо намояд.
Нахуст дар ин барнома дар бораи худи Конститутсия ё Сарқонун ва моҳияту мартабаи он дар назди дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маълумот хоҳем дод. Дар барномаҳои оянда тафсири ҳар як моддаи алоҳида ва ё муқаррароти асосии он ба шумо пешкаш мешавад.
Чӣ хеле, ки аз номи ин қонун бармеояд ин қонуни асосии кишвар аст. Ва аз ҳама қонун, кодекс, амру фармонҳо болотар меистад. Дар ин бора ҳатто дар Қонун “Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ” ишора шудааст. Дар моддаи 2-и он (низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ) оварда шудааст, ки дар ин низом Сарқонун аз ҳама боло меистад. Ва тибқи қисми сеюми ҳамин қонун тартиби ҷойгиршавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қувваи ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд. Яъне, ки Сарқонун аз дигар санадҳо қувваи баландтаринро дорост. Тамоми қонунҳо, амру фармонҳо, аз президент сар карда то раиси ҷамоат бояд мутобиқ ба Конститутсия бошанд. Дар сурати ғайр онҳо ягон қувваи қонунӣ надоранд.
Ҳангоми пайдо шудани баҳсҳо оиди мутобиқат ба Конститутсия ин масъаларо Суди Конститутсионӣ баррасӣ мекунад.
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Мустақиман амал кардани нуқтаҳои Конститутсия маънои онро дорад, ки барои ба амал барорвардани ҳуқуқу уҳдадориҳои дар он дарҷ гардида зарурияти дахолати дигар қонун ва ё амре зарур нест. Агар дахолат лозим бошад, пас дар моддаи дахлдори Конститутсия ҳатман дар ин бора ишора карда мешавад. Мисол, дар моддаи 15 Конститутсия оварда шудааст, ки “Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд”.
Вале дар асл чунин нест. Қариб, ки ҳар як меъёри Конститутсияи Тоҷикистон бо дигар қонунҳо ба танзим дароварда мешавад. Мустақиман амал кардани муқаррароти Конститутсия дар санадҳои судӣ бошад умуман дида намешавад.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Конститутсия ин сутуни низоми қонунии кишвар аст. Ва талаботи онро ҳар кас, новобаста аз мақом, дороӣ ва эътиқод бояд ҳатман иҷро кунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published.