Таъкиди Русия бар мушорикати мустақими Амрико дар ҷанги Украина

By | 06.08.2022
Диданд: 8
0 0

Вадим Скибитский (Vadym Skibitsky), муовини иттилооти артиши Украина дар гуфтугӯ бо рӯзномаи бритониёии «Телеграф» ба сароҳат эълон кардааст, ки низомиёни амрикоӣ барои омӯзиш ва роҳандозии мушакҳои «Ҳаймарс» ба низомиёни украинӣ кумак мекунанд.

Вазорати дифои Русия дар баёнияи худ овардааст: Ҳамаи ин шавоҳид ба таври ғайриқобили инкоре собит мекунад, ки Пентагон бар хилофи иддаои мақомоти Вашингтон мустақиман дар ҷанги Украина дахолат дорад. Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико борҳо ба сароҳат эълом карда, ки мехоҳад Украина дар муқобили Русия пирӯз шавад ва ба хотири ҳамин миллиардҳо доллар силоҳ ба Киев ирсол кардааст.

Амрико аз ибтидои буҳрони Украина ҳимояти молӣ, таслеҳотӣ ва дипломатӣ аз Киевро сарлавҳаи иқдомоти худ қарор дода ва то кунун дар қолаби бастаи ҳимоятии таслеҳотӣ беш аз 8 миллиард доллари анвои таслеҳотро дар ҳимоят аз давлати Киев, ба Украина ирсол кардааст. Конгресси Амрико низ ироаи кумаки амниятӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи 40 миллиарддоллариро ба Украина тасвиб кардааст. Ҳадафи калони Амрико машғул кардани Русия дар ҷанге фарсоишӣ дар Украина аст, ки мунҷар ба тазъифи ҳарчӣ бештари тавони низомиву нобудии манобеи молии Русия мунҷар шавад. Ба ҳамин далел Вашингтон ва муттаҳиди аврупоии он, яъне Британия то кунун бештарин мизони кумакҳои таслеҳотиро ба Киев ирсол кардаанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия муътақид аст, ки Ғарб ба раҳбарии Амрико ва Британия, Украинаро ба абзоре барои маҳору хаста кардани Русия табдил кардааст.

Иқдоми давлати Байден дар таҳвили сомонаи ракетии “HIMARS” ба Украина дар воқеъ ба манзалаи кушодани фасле ҷадид дар ҷанги Украина ва имкони ҳадаф қарор додани хоки Русия ба артиши Украина аст. Ба назар мерасад Амрико дар давраи кунунӣ бо ирсоли сомонаҳои ракетии “Ҳаймарс”, ки силоҳе дақиқ ва бисёр кушандаву дорои бурде қобили тавваҷуҳ аст, дар талош аст то ба Киев кумак кунад то пешравии неруҳои русиро дар ду вилояти Донетск ва Луганск мутаваққиф кунад. Дар баёнияи Вазорати дифои Русия омадааст: Ин давлати Байден аст, ки мустақиман масъули тамоми ҳамалоти ракетии Киев ба манотиқи маскунӣ ва зерсохтҳои ғайринизомӣ дар манотиқи пурҷамъияти Донбас аст, ки сабаби кушта шудани ғайринизомиён мешавад.

Албатта иқдомоти душманонаи Амрико дар ҷанги Украина ба иловаи раҳбарии корзори таҳримӣ алайҳи Русия муҷиб шуда то Маскав низ иқдомотеро дар ростои муқобила бо Вашингтон ва эҷоди мувозина сурат диҳад. Аз ҷумла ин ки Русия ба ҳимояти ошкору сареҳ аз Чин дар таниши кунунӣ дар шарқи Осиё ба далели мавозеи мудохилаҷӯёнаи Вашингтон дар масъалаи Тайван ва мудохила дар умури дохилии Чин пардохтааст. Вазорати хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, ки Маскав сафари Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайванро як иқдоми таҳрикомези ошкор медонад.

Вазорати хориҷаи Русия афзуд, равобити Пекин ва ҷазираи Тайван мавзуи дохилии Чин аст ва Пекин ҳақ дорад барои дифоъ аз ҳокимияту тамомияти арзии худ дар робита бо мавзуи Тайван иқдом кунад. Нуктаи ҷолиб ин ки Чин низ дар мавзеъгирии худ Ғарбро муқассири ҷанги Украина дониста ва аз пайвастан аз корзори таҳримии Ғарб алайҳи Русия парҳез кардааст.

Аз сӯи дигар Русия барои муқобила бо таҳримҳои Ғарб талош карда то муштариёни ҷадиде барои нафту гази худ пайдо карда, масирҳои тозае барои содироти энержии худ биябад. Дар ин росто Русия ирсоли газ ба Чин аз тариқи хати лӯлаи «Қудрати Сибир»-ро афзоиш дода, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин масоил на фақат баёнгари тақвияти равобит ва наздикии ҳарчи бештари равобити Русия ва Чин аст, балки нишон медиҳад, ки Маскав ва Пекин барои муқобила бо душмани муштараки худ, яъне Амрико дар ҷабҳаи воҳиде қарор гирифтаву мавозеи худро танзим мекунанд.

The post Таъкиди Русия бар мушорикати мустақими Амрико дар ҷанги Украина appeared first on TajikPress.

TajikPress Read More

Leave a Reply

Your email address will not be published.