ФСБ ДАР РОСТОВ 13 МУҲОҶИРРО БАРОИ ҲАМКОРӢ БО ҲИЗБ -УТ-ТАҲРИР ҲАБС КАРД

By | 09.06.2022
Диданд: 38
0 0

ФСБ ДАР РОСТОВ 13 МУҲОҶИРРО БАРОИ ҲАМКОРӢ БО ҲИЗБ -УТ-ТАҲРИР ҲАБС КАРД

Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар шаҳри Ростови лаби Дон як шуъбаи пинҳонкори созмони дар Русия мамнӯи Ҳизб ут-Таҳрир- ал-Исломиро, ки аз 13 шаҳрванди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иборат буд, аз байн бурдааст. Дар ин бора рӯзи 9 июни соли 2022 бо нашри видеои амалиёти боздошти тарафдорони ин гуруҳи мазҳабӣ Маркази робитаҳо бо ҷомиаи ФСБ хабар дод.

Дар видеои нашркардаи мақомоти амниятии Русия дида мешавад, ки чӣ гуна нирӯҳои вижаи ФСБ вориди хонае мешаванд, ки дар он як гуруҳи муҳоҷирон хобанд. Муҳоҷиронро дар ҳамон ҳолати хоболудӣ дастгир карда, ба дастонашон завлона заданд. Аз симо ва гӯиши дастгиршудаҳо бармеояд, ки онҳо зоҳиран ё зодагони Ӯзбекистонанд ваё ӯзбекзабонҳо аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Бино ба иттилои ФСБ, дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки ин афроди дастгиршуда таҳти роҳбарии намояндагони хориҷии Ҳизб ут-Таҳрир дар қаламрави Русия ба таври ҳадафмандона ба таблиғи ақидаҳои ин ҳизби мамнӯи мазҳабӣ машғул будаанд.

“Дар ҷараёни маҷлисҳои махфӣ онҳо сокинони Русия аз ҳисоби мусалмонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони кориро ба сафҳои худ ҷалб мекарданд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Leave a Reply

Your email address will not be published.