Ятимов: Даст фишурда, қавл додем, санадҳои имзошударо иҷро мекунем – видео

By | 30.01.2022
Диданд: 20
0 0

Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз музокирот бо ҳамтои ққирғизаш гуфт, ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд Самумин Ятимов раиси КДАМ гуфт бо Ташиев хеле муфассал суҳбат кардам, ҳамаи масъалаҳоро муҳокима кардем. Мувофиқат кардем, ки дар рафти гуфтушунид “хуҷҷатҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори комиссияҳо” дар назар доштан лозим аст. Вай гуфт саркашӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва протоколҳои имзошуда сабаби низоъ дар марз мегардадҶонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талаботи протоколҳо бояд риоя шавад. Аз чумла, сухан дар бораи протоколи рақами 39 меравад. Пас аз ҳашт рӯз ҷонибҳо ба иҷрои ин протокол шурӯъ карда, аз рӯи бандҳои имзошудаи ин санад кор хоҳанд кард. Ятимов илова кард, ки пас аз ҳашт руз комиссияхои паритетӣ оид ба масъалаҳои топографй ва ҳуқуқӣ кор мекунанд. Ин кор барои ҳалли ҳама масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад пайваста анҷом дода мешавад. Вай гуфт, ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд.“Даст фишурда, қавл додем, ки тамоми созишҳои байни раисони комиссияҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро иҷро кунем”, – гуфт Ятимов. Дар ҳимин ҳол Қамчибек Тошиев илова кард, тасмим гирифта шуд, ки кори комиссияи байниҳукуматии делимитатсия ва аломатгузории марз аз сар гирифта шавад. Кори ин маҷлис ду моҳ пеш боздошта шуда буд.“Комиссия дар асоси протоколҳо, қонунҳо ва манфиатҳои ҳар ду давлат доимй кор мекунад. Имрӯз ягон санад имзо нашуд, аммо Тошиев бовар дорад, ки “сухану дастфишурии мо амалӣ мешавад”, – қайд кард Тошиев.

Манбаъ

Leave a Reply

Your email address will not be published.