ҚАЛИНГИ АРӮС ЧАНД АСТ?

By | 29.01.2022
Диданд: 43
0 0

Дар шаҳру навоҳии кишварамон қалини арӯсро ҳар хел баҳо медиҳанд. Яке мегӯяд, ки дар минтақаи Хуҷанд маҳри арӯс ба 15 000 сомонӣ баробар аст, дигарӣ маслиҳат медиҳад, ки аз Кӯлоб зан гирифтан арзонтар меафтад, хатлониҳо барои духтаронашон ҳамагӣ 10 000 сомонӣ талаб мекунанд. Арӯсакони аз ҳама «қимматбаҳо» аз рӯйи овозаҳо духтарҳои Душанбе ва Бадахшон будаанд. Барои арӯси бадахшонӣ гирифтан дар киссаи домод бояд 18 000, барои бо духтари шаҳрӣ сар дар як болин ниҳодан бошад 25 -30 ҳазор сомонӣ бошад. Духтардорҳо ба духтарҳояшон бо дарназардошти иқтисоди бозоргонӣ «нарх» мондаанд, вале писардорҳо ва мардон дар ин хусус чӣ назар доранд? Ин савол моро ба он водор намуд, ки аз утоқи кориамон берун шуда назари мардумро бипурсем. Соҷида Аслонқулова: Поятонро чени кӯрпаатон дароз кунед! Ман кайҳо боз мехостам, ки дар ҳамин бора диламро холӣ кунам, шояд худи Худованд шуморо фиристод, то ба танг омада ягон рӯз торс накафам. Боре дар самтрави Ваҳдат шоҳиди баҳси ду зан гаштам. Суҳбаташон дар хусуси хонадоркунии фарзандон буд. Зани якум нақл кард, ки се моҳ пеш ба хонааш хостгор омадааст. Хомкалагӣ карда «савдо»-ро напазонда, харҷу хароҷоти калон карда маърака оростааст. «Пас аз фотиҳа аз қудо 30 000 сомонӣ талаб кардам. Ин гапро шунида ҳуш аз сараш париду «мо ин қадар пул надорем» гӯён, чизу чораи овардаашро гирифта бурд»,- қисса кард ӯ. Дугонаам гиребони тавба дошта пичиррос зад: «Қуввати келинкунӣ, ки надоштааст, чаро бо забони дарозу қомати баланд аз дари хонаи духтардор медарояд?! Эй одам нашуда мурад!» Зани якум ба қавли кампиракон аз зин фарояд ҳам, ҳанӯз аз узангу нафаромада мағрурона «ягон зарра аз фотиҳаро гардонданаш хафа нестам. Садқаи сарам! Духтари дар кӯча мемондагӣ надорам, ки зиқ шавам, инаш нашуд, пагоҳ ягон одами дурусти пулу молдор пайдо мешавад…»,- мегуфт. Ба суҳбати занҳо гӯш андохта ҳайрон шудам. Мардуми мо якбора ин қадар ғуломи пулу мол гаштаанд, ки ҳатто бахти фарзандонашонро мефурӯшанд. Ҳамин хел давом кардан гирад, бачаи камбағал дигар занро дар хоби шабаш ҳам намебинад! Амиршо Раҳматов: Камбағала чию зангирӣ чӣ Одами зангир ё келинкун бояд ҳаматарафа тайёр шуда баъд бо нияти хостгорӣ пояшро ба остонаи касе гузорад. Пул надошта бошӣ, на худатро аҳмақ кун, на дигаронро дар ташвиш гузор. Ба рафтори баъзе одамон ҳайронам, нони хӯрдан надоранду боз мехоҳанд писарашонро зан диҳанд ё духтарашонро ба хонаи бахташ гусел намоянд. Духтарро-ку ягон чора карда ба шавҳар додан мумкин, вале писардор бояд ҳаматарафа тайёр шуда, баъд орзуи келин карданро дар дилаш парварад. Қудо чизе, ки талаб кунад, бояд сар фаровард, чунки духтарро ба воя расонидану калон кардан кори осон нест. Ҳеҷ кас духтари дар кӯча мепартофтагӣ надорад, ки муфтакак бароварда диҳад! Ҳозир кори мардуми шимол хеле осон шудааст. Дигар ба хонаи волидони арӯс латтаву орду қанд набурда танҳо 20 000 сомонӣ медиҳанду халос. Бо ин пул чӣ мекунаду чиҳо мехарад, кори худи духтардор аст. Ба фикрам ин нарх чандон қиммат нест. Зангирӣ осон шавад, ҷавонмардон ба қадри зан ва хонаю дари обод намерасанд. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки духтарашонро ба ягон бачаи камбағал диҳанд, як умр тоҷи сар карда мегардад, вале ин андеша ғалат аст. «Кайк дар ҷандаю ноз дар ганда» гуфтани мардум беҳуда нест, арӯси муфт ба даст омада ҳеҷ гоҳ дар назди шавҳар қадру қиммат пайдо намекунад. Ҷавонони зангир миёнашонро маҳкам баста шабу рӯз меҳнат кунанд ва бо арақи ҷабин пул ёфта зан бигиранд, он вақт ба қадри зан мерасанд. Гулшан Раҳимбекова, хонашин: Писарам ду сол боз дар фотиҳа аст Писарам «дӯстдоштаамро мегирам» гӯён, ба ҷону ҳоли ману падараш намонда хостгорӣ фиристод. Духтардорҳо хостгории моро хуб қабул карда, маърака оростанд. Келинамро бинам гуфта қудоро маҷбур намудам, ки духтарашро ба наздамон орад. Чеҳраи арӯси хушкардаи писарамро дидаму ҳуш аз сарам парид. Духтари бадафте будааст. Ҳайрон шудам, ки бачаи аҳмақи ман дар ин духтари безеб чӣ ёфта бошад. «Писарам ҳайф шуд» гуфта бо табъи гирифта ба хона баргаштам. Падари бачаҳом «Занакҷон, ба ту чӣ фарқ дорад, ки келин духтари хушрӯй аст ё безеб, муҳимаш он ки писарамон ӯро дӯст доштааст» гӯён, маро тасаллӣ дода аз паси тӯй шуд. Ба қудо занг зада хостем маслиҳатро пазонем. Аз либосу палос сар карда, то қанду қандалот ва сабзиву орду равған он қадар маҳсулотҳоеро номбар кард, ки сарамон гаранг шуда монд. Шавҳарам дар роҳи дароз овора шудан нахоста пешниҳод кард, ки пулашро диҳем, худашон чизу чораи заруриро аз бозор бихаранд. Қудо розӣ шуд, вале 30 000 сомонӣ талаб кард. Мо ин қадар пул надорем. Қариб ду сол мешавад, ки писарам дар фотиҳа аст, вале то ҳол мо маблағи гуфтаи қудоро ҷамъ накардаем. Худо медонад, ки имсол ҳам тӯйи писарам мешавад ё не. Зӯҳро Саидова, соҳибкор: Бойдухтара нозаш бисёр Ҳамсояи ман дирӯз фотиҳатӯйи писарашро гардонд. Сабабашро фаҳмед, ҳуш аз саратон мепарад. Қудояш ӯро таъна задааст, ки ман туро обу иззат карда чунон дастархонҳое оростам, ки дар шаби хобат намебинӣ, ту бошӣ моро аҳмақ карда як дастурхони камбағалона оростӣ, гӯё ману хешу таборам ба хонаат гадоӣ омада бошем. Матоъҳое, ки ман ба ту ва хешу таборат мондам, нархашонро фаҳмӣ, сактаи дил мешавӣ, вале ту беҳимматӣ карда ақаллан барои келини худат чор либоси тоза наовардӣ. Сарупои барои арӯс овардаат ҳамааш «дишовка» аст. Ҳамсояам ба ситезаҳои қудояш тоб наоварда «одамгарӣ надоштаӣ, кару фарри туро ман ба сарам мезанам?! Дастархони оростаю пероста ва сарупои қиматбаҳоят аз сарат монад! Аз ту барин қудо безорам. Духтарат низ мисли худат нокас будагист. Фотиҳаро мегардонам» гӯён, баромада омадааст. Ҳамин тавр моҷарои дастурхон бахти ду ҷавонро сиёҳ кард. Ҷангу ҷанҷолҳои зиёд маҳз аз рӯи қалини арӯс сар мезанад, аз ҳамин хотир беҳтар мешуд, ки маҳрро аз миён бардоранд. Соҳибтағой Ҷӯраева: Худо марам зудтар хушдоман гардонад! Худо маро ба он рӯз расонаду духтарам ба воя расад, ба расму оинҳои сохтаю бофта нигоҳ намекунам. Шароити қудоро ба назар гирифта, тӯйро мегузаронем. Оилаҳои зиёдеро медонам, ки аз қудо пули калон талаб намуда, муносибатҳояшонро аз аввал вайрон мекунанд. Ёдам ҳаст, ки чӣ тавр барои додари хурдиям аз шаҳр ба Ванҷ бо азобҳо келин бурдем. Онҳо аз мо маблағи калон талаб намуданд. Аз сандуқу кӯрпаву болишт сар карда, то пойафзолу рӯкашаки кӯрпаҳояшонро харида бурдем, вале қонеъ нашуда, «маҳр» гӯён, аз мо 30 000 сомонии дигар хостанд. Тӯй бо мушкилиҳои зиёд гузашт. Ростӣ, то ҳол ҳайфам меояд, ки либосҳои гаронбаҳои барои келин харидаамон дар даруни ҷевон пӯсида рафтанд, баъзеашонро танҳо як бор пӯшиду дигар асло ба бар накард. Акнун худатон хулоса кунед, ки аз ҳамин қадар харҷу хароҷоти зиёдатии нолозим чӣ суд?! Сайфиддин Сунаттӣ: муфтии масҷид: Ба маҳр танҳо арӯс ҳақ дорад! Маҳр ҳаққи арӯс аст.Танҳо ӯ метавонад аз маҳр истифода кунад. Падару модар ҳаққи истифода бурдани маҳри духтарашонро надоранд. Шавҳар метавонад як қисми маҳрро то никоҳ ва боқимондаашро баъди никоҳ ба ҳамсараш диҳад. Дар сурати дар нимароҳ мондани зан маҳр ба ӯ як навъ дастгирии молиявӣ мешавад. Маҳр миқдори муайян надорад. Ҳар қадар кам бошад, ҳамон қадар беҳтар. Расули Худо(с) дар ин бора фармудаанд: «Бобаракаттарини занҳо он аст, ки маҳраш кам бошад». Падару модар инро бояд хуб андеша намуда, баъдан аз қудо маҳр талаб намоянд. «Ҳамсояам ин қадар талаб кард, ман бояд ду баробар бештар талаб кунам» нагӯянду ояндаи фарзандонашонро фикр карда, дуогӯй бошанд, то ситораи ин ду ҷавон бо ҳамдигар рост ояд ва қасри ишқашонро устувору пойдор бунёд намоянд. Зарнигор, муаллима, аз н. Ваҳдат: Миёни қудоро нашиканед! Ман ҳамчун модари ду духтари баркамол дар оянда аз хостгорон матоъ ва ҷиҳоз талаб намекунам. Духтаронам ҳар орзуву ҳавасе, ки мекунанд, дар барашон истода, кӯшиш менамоям, ки чизи табъи дилашонро гирифта диҳам. Бо баҳонаи харидани ҷиҳоз миёни бачадоро шикастан шарт нест, шумо ҳар чи мехаред, барои фарзанди худатон мехаред. Имкон дошта бошед, орзуи духтаратонро худатон амалӣ созед, надошта бошед, қудои бечораро «фалон қадар молу фалон қадар пул биёр» гуфта, ҷонбезор накунед. Дилафрӯз, корманди ҳукумат: Духтарҳои тоҷик эрка шудаанд Духтарони ҳозира аз падару модарашон ҳам мебел талаб мекунанду ҳам либосу тилловорӣ. Бовар кунед, аз сарфу хароҷоти хонаи домод дида, хароҷоти духтардор зиёд аст. Худатон минталитети мардуми моро хуб медонед, арӯси беҷиҳоз дар хонаи шавҳараш мисли саг беқадр мешавад. Аз ин лиҳоз, аксарият аз қудо маҳр талаб мекунанд, то ақаллан як қисми чизу чораи мехостаи духтарашонро бо ҳамон пул бихаранд. Волидони муҳтарами мо ба муросо омада, тӯйҳоро камхарҷ гузаронанд, ҳам ба домод сабук мешаваду ҳам арӯс таънашунави хушдоман намегардад. Маҳина Баҳромбекова, равоншинос: Духтардорҳо «ҷабр» мебинанд Маҳре, ки имрӯза волидони духтар аз домод талаб мекунанд, гарон нест. Ба назари писардорҳо чунин менамояд, ки се-чор ҳазор доллар пули калон аст, вале онҳо фикр намекунанд, ки духтар ҳам дар дил садҳо орзуву ҳавас дорад, бечора волидонаш аз куҷо пул ёфта орзуҳои арӯсро амалӣ месозанд?! Боз як чизи муҳим-бачадор ҳар чи меорад, боз ба хонаи худаш мебарад, чунки бо он пул волидони духтар барои арӯс ҷиҳоз мехаранд. Аслан духтардорҳо ҷабр мебинанд, чунки арӯсакон хонаи падаронашонро холӣ карда, ҳама чизу чораи беҳтаринро ба хонаи шавҳарашон мекашонад. Шахсан ман духтардор шавам, домод ҳар чи овард, ҳамонро ба хонааш мефиристам. подробнее тдж: Оила

Leave a Reply

Your email address will not be published.