ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “ОЛУЧА ТАКСИ”

By | 28.01.2022
Диданд: 23
0 0

Шаби 26 январ, тахминан соати 20:05, Давронов як сокини 59-солаи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳудуди ҳамин ноҳияи шаҳри Душанбе зери чархи мошини ширкати “Олуча Такси” афтода, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон бохтааст.

Сокини 60-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ судшудаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки чанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии сокини 51-солаи пойтахт даромада, аз ӯ дар умум 111 ҳазору 200 сомонӣ ва 30 ҳазор доллар гирифта, пас надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард бар асари садама

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

26-уми январи соли 2022, тахминан соати 20:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аксент», Муқимов Саидҷон Шарифович, соли таваллудаш 1986, сокини пойтахт, ронандаи ҶДММ «Олуча Такси», ҳангоми харакат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давронов Баҳодур Набиевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Давронов Б.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардидааст, аммо дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани маблағи махсусан калон

010

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 51-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2013 дар назди бинои истиқоматиаш марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар умум 111 ҳазору 200 сомонӣ ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published.