Ҳоҷӣ Ҳошим Каримов бо тахаллуси “НАРКОБИОТИК” кист?

By | 31.05.2022
Диданд: 32
0 0

Ё «Наркобиотик» бо Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов чи алоқа дорад?

(бахши аввал)

Имруз дар бораи оилае ба шумо маълумот пешниҳод менамоем, ки ӯ ҳам ба «Оила» худро наздик намуда ҳамроҳ бо хешу табор ва духтарони президент то айни ҳол тамоми ҷиноятҳояшро содир намуда истодааст ва дар давоми зиёда аз 25 сол дороиҳои бисёре ба даст овардааст. Албатта, фарзандони Тоҷикистон дар ватани бегона ба ягон қуллаҳои баланд расанд ё соҳиби нуфуз, соҳиби молу мулк шаванд, мо фахр мекунем, аммо шуморе аз онҳо берун аз ватан ҳам зиндагӣ намоянд, асоси бизнес ва манбаи даромадашон Тоҷикистон мемонад.Қаҳрамони имрузаи мо низ аз ҳамин тариқа инсонҳо мебошад.  

Ҳама дар ёд дорем, ки соли 2020 касалии COVID-19 дар тамоми дунё паҳн гардид ва миллионҳоро аз байн бурд. Тоҷикистон то охир дар мо ин касалӣ нест гуфта садҳо нафар одамонро гуиё кадом сирри давлатӣ бошад беиштироки наздиконашон гуручуб намуданд. Ҳол он ки тамоми дунё кушоду равшан дар ин бора маълумот медод ва бо доруву ҷойҳои махсуси табобатӣ таъмин менамуд. Дар Тоҷикистон бошад акси ҳол ҳама махфӣ, шифохонаҳо мардуми оддиро қариб, ки қабул намекарданд ва имрӯз ҳам намекунанд, дар аптекаҳо барои доруворӣ одамҳо навбат, нархҳо дар осмон,доруҳои санаи истеҳсолаш номаълум ҳамаро пур кардааст, ягон назорат аз тарафи ҳукумат нест, умуман як даҳшат, касоне, ки бо бизнеси доруворӣ машғул буданд ба «худодагон» дар мусибати мардум табдил  ёфтанд.

Яке аз ҳамин нафарон оилаи Каримовҳо бо сардории Ҳошим мебошад. Дар давраи коронавирус ин нафар ба даҳҳо миллион доллар дорувориҳои сифати паст дощтаи истеҳсоли Русияро ба Тоҷикистон  ворид намуда дар Хуҷанду Душанбе то ҳозир фурӯхта истодааст. Аз як тараф кори хуб аст, ки ба Тоҷикистон доруворӣ дохил намудааст, аз тарафи дигар бадии кор дар он аст, ки Ҳошим Каримов доруҳои муҳлати масрафашон гузаштаро аз Русия бепул ва бо нархҳои ночиз гирифта ба Тоҷикистон  ворид месозад. Ва он доруҳоро на чун дору, балки ҳамчун салфеткаву туалетний бумага дар гумрук санад мекунад ва бо нархҳои даҳҳо маротиба арзонтар ба расмият медарорад (растаможка). Албатта бо маслиҳат бо гумрукчиҳо ин корҳо анҷом меёбанд. Масалан арзиши як вагон доруворӣ ҳудуди 400-500 ҳазор доллар мебошад, ё ин ки арзиши як мошини фура дар ҳудуди 150 -250 ҳазор доллар, албатта, вобаста аз номгуи доруворӣ  ворид мешавад. Худатон фикр кунед, ки аз ин ҳаҷми маблағ тахминан 18-20%  барои буҷаи давлат ҳамчун андозҳои ҳархела бояд ворид шавад, лекин дар инвойс ҳамагӣ ба маблағи 15-20 ҳазор доллар салфеткаву туалетний бумага навишта ба буҷаи давлат 2-3 ҳазор доллар маблағ месупоранд. Ҳамаи ин амалиётҳои хиёнаткорона бо дастгирии «криша»-ҳояш ба анҷом мерасад, ки аъзои «Оила» ҳастанд. Ҳошим худ зодаи Уротеппа-Истаравшан аст. Лекин  ба гуфтаи бародарон Каримовҳо ҳамаи пуштубонҳояш хешутабори пешво аз Колхозободу Данғара мебошанд. Бе пуштибонӣ ва дастгирии хешутабори президент номумкин аст, ки ин хел ҷиноятҳои ниҳоят калон ва хатарнок барои ҷамъиятро содир намуда беш аз бист сол беҷазо монед.

Каримов Ҳошим бо аҳли оилааш зиёда аз 25 сол мешавад, ки дар шаҳри Маскави Русия зиндагӣ мекунад. Каримовхо якчанд акаву додаранд, ғайр аз Ҳошим ва писаронаш Насиму Анис боз бародарон Олим, Абдураҳмон, Додочон ва писарони онҳо. То якчанд соли охир дар бизнес ҳама якҷоя буданду Ҳошим бо падараш роҳбарӣ менамуданд. Дертар байни акаву додарон пишаки сиёҳ гузашту ҳама бо якдигар душману ҷангӣ шуданд, бизнесҳо байни ҳамдигар тақсим, байни оилаҳо рафту омад нест. Фарзандон низ бо якдигар душманӣ ва ғайраву ғайраҳо. Албатта, баъд аз ин ҷангҷолҳо бо пуррагӣ сирру асрори бизнес ва ҷиноятҳояшон руи об баромад. Мо, умуман кордор набудем, то он лаҳзае, ки зарари ба мардуми оддии тоҷикистонӣ расонида истодаи ин оилаи “ҳоҷиён” ниҳоят калон намебуд. Аз ҳамин лихоз, вақти зиёде аз паси ин соҳибкорони «маьруф» як гуруҳ фарзандони дилсузи миллат ва фаъолони ҷомеа маълумоти лозимиро ҷамъ намуданд.

Зиёда аз бист сол шарики бизнеси Ҳошим ин Абдуллоев Азизулло, бо тахаллуси “Азизи домсоз” ва Фарҳод ном ҳамсинфаш  мебошанд. Ҳошим асосан аз бизнеси маводи мухаддир “героин” шуруь намуд, вале дар назди мардум ва бародарони худ гуё ба фурӯши дорувори “фармацевтика”  машғул  мебошад. Дар назари мардум ҳамчун ҳоҷӣ ва соҳибкори ҳалолкор, ҳамин тавр ҳам тавонист нишон диҳад.

  “Дар бисёр давлатхои дунё яке аз ҷиноятҳои бузурге, ки ба он ҳукми қатл татбиқ карда мешавад, ин истеҳсол ва фурӯши доруворие, ки худсоз ё муҳлаташ хеле гузашта мебошад.  Аз рӯйи гуфтаи наздикони Ҳошим, дар давоми солҳои охир ӯ фақат ва фақат дорувориҳои муҳлати истифодааш гузашта ва дар сехҳои вилояти Маскав бидуни иҷозатнома истеҳсолкардаи худро ба Тоҷикистон ворид мекардааст. Бисёртар дорувориҳое, ки дар Тоҷикистон  аз тарафи дигар истеҳсолкунандагон дар вазорати тандурустӣ номнавис шудаасту бозори хуб доранд, айнан копияи ҳамонро дар сех- лабораторияҳои дар Русия доштаи худ истеҳсол ё ин ки қуттихояшро иваз карда ба Тоҷикистон ворид менамудааст, (видео ва аксҳояш дастраси “Ислоҳ”шудааст). Албатта ҳамаи номгуи доруворӣ, миқдори воридоти онро бо копияи  ҳуҷҷатҳои гумрук, ки ҳамчун дигар маҳсулот ворид гаштаанд, пешкаши бинандагони муҳтарам менамоем. ” 

Тахминан солхои 2006-2007як вагон маҳсулоти аз Русия омадаро кормандони милитсияи раёсати нақлиёти Душанбе бо гумони моли қочоқӣ зери назорат гирифтанд. Дар вақти санҷиш маълум гашт, ки дар борхати вагон  гугирдчуб (спички)навишта шуда буд. Лекин  дар вақти вагонро кушодан маълум гашт, ки фақат қатори охири вагон гугирдчуб буда боқимонда ҳама дорувориҳои гаронарзиши хориҷиву Русия мебошад. Дар рафти тафтиш маълум гашт, ки вагон ба Каримов Ҳошим тааллуқ дорад. Дере  нагузашта ба назди сардори раёсати нақлиёти ВКД ҶТ генерал Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович муфаттиши калони прокуратураи генерали ҷумҳурӣ Баҳром Файзиев омада гуфтушунид оиди озод  намудани вагонро бе оғози ягон парванда шуруъ намуд. Аз рӯйи гуфтаи Ҳошим Каримов бо «генерали аждаҳои баднафс» масъаларо ба маблағи 150 ҳазор доллари ИМА, писарамаки Ҳошим, собиқ корманди прокуратура Баҳром Файзиев ҳал намуд.

Генерал Зоиров Ҷурахон  аз солхои 2006 то имрӯз бо Ҳошим Каримов рафиқии наздик дорад, ва дар вақти намояндаи ВКД дар Москва буданаш доимо якчоя буданд ва хамаи хизматҳои ин генерали «носерам»ро ба зимаи худаш гирифта буд .. Хошим Каримов аз як тараф таьриф мекунад, ки Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович кор буд кун аст, аз тарафи дигар мегӯяд ки хуни одамро мемакад ин генерали баднафси хабис ва ошкоро аз баднафсии ӯ мегӯяд. Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович ҳангоме,ки сардори академияи ВКД буд маълумотҳои дақиқ ва санҷида шуда дар “Ислоҳ” вуҷуд доранд , ки  ставкаҳо аз 500$ то 5000$ боло рафта буданд. Бо дахолати баъзеҳо,ки ҷузъиёти ин афрод ҳам дар Ислоҳ маҳфуз аст, Зоиров Ҷӯрахон Маҷидовичро ба дигар вазифа гузарониданд.

Албатта он маълумотҳое ба мо расида нисбати ин генерал инҷо Каримов Ҳошим дуруст мегӯяд ӯ воқеан як коррупсионери гузарое ҳаст. Дар мавриди генерал Зоиров Ҷӯрахон дар матлаби алоҳида хоҳем гуфт.

“Инчунин дар мавриди Давлатов Далер хусурбачаи Рустами Эмомалӣ ва дороиҳои ӯ, истироҳатҳои ӯ дар Маскаву Қрим, Туркия, Белорус ва пулҳои бохтааш дар казиноҳо. Даромади рӯзонаи Далер ҳамчун сардори дидбонгоҳ 210 ҳазор доллар ва боз…..Ҳар сари чанд вақт бо ном “сафарҳои корӣ” гуфта ба чи корҳо машғул буданаш?. Чи гӯна пора гирифтанҳояш матлаби муфассале тақдим мекунем. Бовар дорам дар бархе ҷиноятҳои Далер Давлатови хусурбачаи Рустам, ангушти ҳайрат хоҳед газид.”

Ҳошим Каримов новобаста аз он ки ин қадар молу мулки зиёде дорад, бисёр марди хасис аст. Аз ҳамон рӯз  ба миёнаравии бачаи амаки худ шубҳа пайдо намуд, ки гуё 50-60% пулро ба худаш монд. Ҳол он ки солҳои аввал пуштибони сахти Ҳошим Баҳром Файзиев буд. Бо рафти замон Ҳошим Каримов бо бисёре аз аъзоён ва хешу табори президент шиносоӣ пайдо намуда, бо як туҳмати руирост Баҳром Файзиевро аз додситонӣ пеш кард, қариб буд зиндон ҳам кунад. Фақат ба хотири он ки Баҳром насиҳат кардааст, ки «худоба шукр гӯй, ки хеле сарватманд ҳастӣ, ба ҷиноятҳои қочоқи маводи мухадир (героин) ва қочоқи доруворӣ машғул нашав ва бо нафарони героинфурӯш дустиатро қатъ намо, ки ман дар  оянда ба ту ёри дода наметавонам».  Ҳошим,ки аллакай худро хеле устувор ҳис мекард, Баҳром Файзиевро бо як туҳмати хандаовар ба воситаи пуштибонҳои дар ФСБ- и Москва доштааш дар як амалиёт ҳамроҳ намуда ӯро аз прокуратура ронда аст. (Асли воқеъаро дар мақолаҳои дигар муфассалтар аз забони шоҳидон нақл мекунем)

Ҳамин тавр Ҳошим Каримов бо Ашраф Гулов домоди президент шиносоӣ ва ҷурагӣ пайдо намуд.   Ба гуфтаи худаш Ашраф Гулов домоди Эмомалӣ Раҳмонов яъне  шавҳари Парвина Раҳмонова мебошад дар Маскав бе ҳамроҳии Ҳошим Каримов ягон меҳмонӣ ё хурокхурӣ намерафтааст. Зани Ашраф Парвина духтари Раҳмонов ҳоло пуштибони тамоми бизнеси Ҳошим дар Тоҷикистон будааст, махсусан бизнеси доруворӣ. Чунки Парвина худаш дар вазорати тандурусти раёсати дорусозии онро бар уҳда дорад ва ҳамчунин вай раиси Ассосиатсияи  фарматсевтҳои Тоҷикистон мебошад ва дар Хуҷанд дар ду соли пеш як коргоҳи тавлиди доруро бо номи «Сифат-фарма» кушод. Дар Тоҷикистон тамоми воридоту содироти маводди доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши он ва тамоми дорухонаҳои Тоҷикистон зери назорати Парвина мебошад. Барои ҳамин Ҳошим рост ҳам мегуяд, контроли бизнеси дорувориро аз “Оила”  Парвина  дар даст дорад. Ҳоло бошад Ашраф Гулов ва оилааш гӯйё аз Ҳошим Каримов  илтимос доранд, ки ба Туркия кучида рафта, онҷо ҳамин бизнесҳоро ба роҳ монад, зери нигоҳубини сафорати Точикистон бо корти дипломатӣ, ки ҳеҷ кас ҳуқуқи ба Ҳошим халал расонидан надошта бошад. Ҳошим холо дар фикр аст.

“Тибқи гуфтаҳои худи Ҳошим Каримов: Ашраф Гулов ҳавли ва дигар амволҳояшро дар Москав нигохубинашро  ба ӯ вогузор намудаастю  Ҳошим Каримов бо гуфти худаш ин ҳама дороиҳои дар Русия доштаи Ашраф,ки Парвина аз онҳо огоҳи надоштааст якҷоя бо худаш дар тиҷоратҳои якчоя анҷом додаашон харидаанд. Аз онҳо танҳо ҳарду медонистаанду тамом.”

Ғайр аз Ашраф ва Парвина, Ҳошим боз бо оилаи Соҳибовҳо ҳам муносибатҳои бизнесӣ доштааст. Ба гуфтаи хешу табораш шиносоии Ҳошим Каримов бо Маҳмадулло Соҳибов вақти табобати Соҳибов сар шудааст. Гуё Ҳошим Каримов табобати ӯро пурра маблағгузорӣ карда ва худи ӯро нигоҳубин намуда, то рӯзи вафоташ рафтуо доштааст. Ба хотири ҳамин фарзандон ва наздикони Маҳмадулло Соҳибов Ҳошимро одами наздики худ қабул намуда ба тамоми бизнесҳояш дар Тоҷикистон «зелёний коридор»  додаанд.

Ҳошим Каримов  дар Душанбе ва Хуҷанду Истаравшан калонтарин аптекаҳои фурӯши яклухт (оптовий) дорад, ки писараш Анис ва бародараш Абдураҳмон кори онҳоро пеш мебаранд. Писари дигари Ҳошим дар Маскав лабаротрияи истеҳсоли доруҳои дар Тоҷикистон  бозоргир ва дорувориҳое, ки аз заводҳои Русия бо тарзи ройгон мегиранд, иваз намудани қуттиҳояш (переупаковка) ,ки  муҳлаташ кам ё ин ки гузаштааст, машғул мебошад. Дар Русия заводҳои истеҳсоли доруворӣ ҳамроҳи Ҳошим Карим солҳои дароз ҳамкорӣ менамоянду тамоми доруҳое, ки якчанд сол пеш вазорати тандурустӣ аз истеҳсолот  гирифта шударо ҳам ба Тоҷикистон равон мекунанд. (рӯйхати ин ҳамаро дар даст дорем) Доруҳои муҳлаташ гузаштаро мувофиқи қонун бояд “утилизасия” кунанд, лекин ба воситаи Ҳошим Карим ба Тоҷикистон  равон мекунанд. Дар фикри саломатии мардуми тоҷик ҳеҷ кас нест, асосаш пул пайдо намудан аст ва ба ҳоли саломатии ин миллат ва мардум ҳеҷ ниҳоди назоратие нест. Мақоли тоҷикӣ аст: “гур сузаду дег ҷушад”-ро мемонад. Ҳар соле ба миллионҳо доллар дорувориҳои «списат»- шударо аз амбори захираҳои давлатии Русия (госрезерв) Ҳошим ба қиматҳои ночиз ва хандаовар харида мегирад. Агар Ҳошим Каримов  аз онҳо нагирад, маҷбур ҳастанд пул масраф карда он дорувориҳоро утилизасия кунанд, ки ин барои онҳо харҷу масрафи зиёд дорад. Ба гуфтаи хешу табор ва кормандонаш даҳҳо тонна дорувориҳоро ба маблағи 3-4 ҳазор доллар аз амборҳои шаҳру вилоятҳои Русия ҷамъ мекунад ва онҳоро ҳамчун доруҳои аълосифат ба Тоҷикистон оварда ба миллионҳо доллар мефурушад, гӯйё хеле арзон назар ба дигарон!! Фақат дар давраи пандемия тақрибан ба 30-35 миллион доллар доруворӣ дар Точикистони камбағал савдо кардааст!! Худатон хуб фикр намоед, бе ягон сомонӣ супоридани андоз ва гумрук !!! Албатта, ҳақи андоз ва гумрукро одамони лозимӣ мисли Парвина ва Ашраф гирифтаанд.

“Баъд аз таҳлилу омухтани ин ҳолатҳое, ки имрӯзҳо дар фармасевтикаи Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, маҷбур шудем ба идорае, ки дар Русия  истехсол, сифат ва фурӯши дорувориро назорат мекунад, «Федералная служба по надзору в сфере здравоохранения (Росздравнадзор)» ба роҳбараш Самойлова Анна Владимировна муроҷиат намоем, ки Русия то кадом дараҷа назорати дорувориро ба роҳ мондааст, ки тамоми  партова (отход) ва доруҳои зараровари худро иҷозат медиҳад, ки ба Тоҷикистон содирот карда шавад. Бовар кунед, ки  баробар аст Ҳошим Каримов героини афғониро дар Тоҷикистон  бимонад, одамон камтар заҳролуд мешаванд, назар ба он ки бар ивазаш доруҳои токсинааш баланди заҳролудро  ба хотири пул ворид намояд.”

Бовар кунед ин факту далелҳои овардаи мо 5% -и ҷинотяҳои бизнеси оилаи Каримовҳо нестанд. Зиёда аз 50 объектҳои калони хусусӣ (рӯйхати он дар дасти Ислоҳ маҳфӯз аст) дар Тоҷикистон дорад. Аксарияти онҳо дар ду -се соли охир харида ва сохта шуданд. Аз ҳама аҷоибии кор дар он аст,  ки шарики бизнесиаш аз солҳои  2002-2003 ин Азизулло Абдуллоев бо тахаллуси  «Азизи домсоз» мебошад, ки дар Хуҷанд ду хонаи баландошёна ҳар яке бо 65-70 квартирагӣ сохта ба анҷом расонидаанду ягон хонаашро нафурухтаанд. Зеро зарурияти пул нест. Ду хонаи баландошёна дар Душанбе ҳамин тавр ба итмом расида истодааст. Ҳамроҳ бо Азизулло дар вилоятҳои Русия солҳои охир 10-12 мағозаи аз 100 кв.м то 1000кв.м, 15-20 хонаву амборҳои калонро харида ба иҷора додаанд (рӯйхат ва аксҳояшонро дар барномаи ин матлабдар “ИСЛОҲ ТВ” мебинед). Дар Истаравшан як поликлиникаи панҷошёна бо тамоми таҷҳизот ва ҷойи хоб барои 50-60 нафар доранд, ки ақалан як одамро дар давраи пандемия бепул  табобат накарданд, ғайр аз хешу табори роҳбарони шаҳр. Як заводи хиштбарории калони замонавиро, ки корҳояш хеле хуб буданд, бо фишору зуроварӣ аз тарафи органҳои қудратӣ ва  авлодони президент аз язнаи худаш кашида гирифта ҳоло соҳибӣ дорад. Бар замми ҳамаи ин бизнесҳо, солҳои дароз, шояд хато накунем 50-60% интиқоли  маблағҳо аз Русия  ба Тоҷикистон бо роҳи сиёҳро, яъне перекидка-ҳаввола Ҳошим Каримов бо писаронаш анҷом медиҳад, ки ин бизнес ҳам садҳо ҳазор фоидаи соф меорад, вале “андозаш”-ро  ба гуфтаи писараш Насим ба Колхозобод ва Ашраф  месупоранд.

“Дар Тоҷикистон  гӯйё дилери асосии 20-30 ширкати русиягии равғанҳои мотори мошинро бародари Ҳошим Олим дар даст дошта бошаду воридот мекунад. Ин ҳам мисли дорувориҳои сифаташ паст ва «подделка» мебошад, ки дар яке аз амборҳои ва дар шаҳри Тула ба зарфҳо рехта мешаванд. Ҳама аз як систернаи калон ва як навъи руғани пастсифат асту фақат номҳояшон дигар. Ин бизнес ҳам солҳои дароз дар дасти ин оила аст.”

Нисбати рафторҳои паст ва ноҷавонмардонаи Ҳошим гуфтанихо хеле зиёданд. Яке аз онҳоро нақл мекунем, аммо бидуни ном.3-4 сол пештар Ҳошим аз  зани дуввум ё сеюмаш ҷудо ва бо ду фарзанд ӯро аз хона меронад. Мегуяд, ки хонаро ба 18 ё 20 000$ фурӯхтааст ва зан бояд баромада равад. Бо ин қадар дороӣ, бо ин қадар бизнесҳои калон доштан, як хонае, ки аз нархаш маълум аст на онқадар  боарзиш бо ду фарзанд мефурӯшад. Ин тамоман пастӣ ва номардӣ!!! Канӣ он ҷавонмардии тоҷикӣ?!!! Албатта бо иҷозат ва розигии ҳамсараш дар мавриди муносиб мавқеъи манзил ва ному насабашонро менависем. Комилан ҳама ҷузъиёт ва ҳолати ба амал омадаро дар даст дорем.

Боз дар бораи як таърихчаи Ҳошим бо як дӯсту рафиқаш, ки ҳоло дар чи ҳол мебошад хоҳем гуфт. Ӯ ҳам мисли Азизи “домсоз” дар як вазъияти нохубе қарор дорад.

Фарҳоди ҳамсинфашро аз аввал бо бизнеси героин вобаста карда ваъда дода будааст, ки чи ҳолате нашавад, ту маро нафурӯш ман туро кашида мебарорам ва хуб роӣ мекунам. Фарҳод бачаи камбағал, лекин нотарсу чолок розӣ шуда ба ин роҳ рафт. Як маротиба дастгир карда буданд. Дар ҳақиқат дар муддати як сол Ҳошим кашида бароварда буд. Лекин маълум мешавад, ки ҳеҷ ягон ёрдам ба зиндагиаш накарда будааст. Барои он ки Ҳошим Каримов ниҳоят сахту хасис аст. Умуман ба ягон корафтода ёрӣ намерасонад. Ёрӣ ҳам расонад бо фоизҳои баланд  пул медиҳаду дар соати муайян назди қарздор ҳозир мешавад. Фарҳод баъд аз озод шудан қаҳр карда ба Тоҷикистон  баргашт. Баъд аз якчанд вақт боз бо зораву нола Ҳошим Фарҳодро ба Маскав даъват карда вазифаи пештараашро бо ҳаҷмҳои калон барои давом додан ҳамчун ҳоҷӣ дуо дод. Ӯ бозори наркотикаро хуб мефаҳмид. Корҳо бо ёриву дастгирии Ҳошим ва Азизи “домсоз” хуб ба пеш рафтанд. Лекин боз дар байни Ҳошиму Фарҳод нисбати маблағ ҷангҷол хест. Фарҳод ба хулосае омад, ки Ҳошим на фақат барои ӯ, балки барои бародарони худ қарзро бе протсент намедихад. Барои ҳамин аз Ҳошим ҷудо ва аз паси кори худ шуд. Ҳошим Каримов, албатта,ба  ин рафтори ӯ тоқат накарда Фарҳодро дар муддати кутоҳтарин ба ФСБ бо ҳаҷми калони героин супорид ва ба 20 сол аз озодӣ маҳрум шуданаш мусоидат кард. Ҳоло бошад Фарҳод дар зиндони шаҳри Красноярск адои ҷазо дорад. Ҳамсинфаш Фарходро бори аввал бо як маблаги калон аз зиндони Россия Генерал Заиров Ҷӯрахон халос карда будааст, ва баъд аз вайрон  шудани муносибати Ҳошим Каримов бо Фарход, бо илтимоси боз ҳамин Хошим Каримов Генерали қаллоб Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович ба солхои дароз бо маводи мухаддир зиндонияш карда будааст, то аз роҳи Ҳошим Каримов яктараф шавад. Дар умум ҳамаи  хоҳишу фармонҳои Каримов Хошимро Генерал  Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович ичро мекардааст. Дар Русия зиёда аз 95% тоҷиконро тоҷикони дигар шикаст медиҳанд ва ба органҳои қудратӣ месупоранд.

Нисбати  Ҳошим Каримов маводу маълумотҳо, навору аксҳо ва аудиё сабтҳои зиёде ҷамъоварӣ шудааст, ки дар маталабҳои оянда муфассалтар баён мекунему ба намоиш мегузорем. Махсусан фактҳое, ки нишон медиҳад Ҳошим Каримов чи гуна Парвинаи Раҳмоноваро дар масъалаи нархҳо фиреб карда пулҳои зиёдеро аз ин ҳисоб аз они худ кардааст.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҳамаи онҳо огоҳи ёбед….

Сообщение Ҳоҷӣ Ҳошим Каримов бо тахаллуси “НАРКОБИОТИК” кист? появились сначала на ISLOH.net.

Leave a Reply

Your email address will not be published.