“ҶАСАДИ ПИСАРАМРО АЗ ГӮР БАРОВАРДЕД, БАЪД ЧӢ ШУД?” СУОЛУ ҶАВОБИ МОДАРИ ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВ БО РАИСИ ВИЛОЯТ

By | 01.02.2022
Диданд: 19
0 0

Певистамо Абдулмуъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, сокини кушташудаи ноҳияи Роштқалъа, масъалаи ба кундӣ пеш рафтани таҳқиқи куштори писарашро бо раиси   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот дар миён гузоштааст.

Модари Гулбиддин Зиёбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси вилоят ӯ ва боз ду ҷавони дар ҳодисаҳои моҳи ноябр захмишударо рӯзи 25 январ ба ҳузур пазируфтааст.

“Ҳамроҳи ман ду ҷавоне, ки дар ҳодисаҳои 25-28-уми ноябр захмӣ шуда буданд, низ ҳузур доштанд. Мақомот ба суолҳои ман гӯш доданд. Аз Алишер Мирзонабот пурсидам, ки модар дорӣ? Гуфт, бале. Пурсидам, фарзанд дорӣ? Ҷавоб дод, ки чаҳор фарзанд дорад. Гуфтам, пас, чаро фарзанди ман бо бераҳмӣ кушта шуд ва мақомот тафтишотро пеш намебарад? Вай посух дод, ки тафтиши парванда идома дорад”,  – нақл кардааст Певистамо Абдулмуъминова.

Як намояндаи ҳукумати Бадахшон дар суҳбат бо Озодӣ бо модари Гулбиддин Зиёбеков мулоқот кардани раиси вилоятро тасдиқ кард, аммо гуфт, аз ҷузъиёташ хабар надорад.

Модари Гулбиддин Зиёбеков мегӯяд, баъди мулоқоташ бо раиси ВМКБ хост, то  ҷараёни таҳқиқи парвандаро аз додситонҳо бипурсад, вале ин барояш муаяссар нашуд: “Мехостам, бипурсам, ки ҷасади фарзандамро аз гӯр баровардед, тафтиш кардед, баъд чӣ шуд? Касе ҳозир нашуд, ки посух диҳад.”

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 ноябри соли 2021 дар пайи боздошташ ба таври мармуз ҷон бохтани Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа сабаби эътирозҳои густарда дар Хоруғ шуд, ки 4 рӯз –  аз 25 то 28 ноябр – давом кард. Мардум ҷасади Зиёбеков дар рӯи даст аввал дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги ӯро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон боз ду сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазияи марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти беш аз ду моҳ барои куштори Зиёбеков касе  муайян ва дастгир нашудааст.

Дар байни ду рӯз барқарор кардани хатти алоқаи мобил ва Интернет дар Бадахшон, ки як ваъдаи дигари мақомот дар ивази холӣ кардани майдон ба эътирозгарон буд, низ бо гузашти беш аз ду моҳ иҷро нашудааст.

Намояндагони “комиссияи 44”, ки эътирозгарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳои онҳо интихоб кардаанд, чандин бор шикоят кардаанд, ки мақомот тафтиши мавридҳои латтукӯби кормандони мақомот ва ҳатто буридани чанд дарахтро дар рӯзҳои эътирозҳои Хоруғ дар мадди аввал гузошта, мавридҳои куштану захмӣ кардани сокинон, аз ҷумла қатли Гулбуддин Зиёбековро, ки сабаби асосии эътирозҳо шуд, як сӯ гузоштаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published.