ҶАСАДИ ЯК ДУХТАРИ ҶАВОНРО АЗ ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАЙДО КАРДААНД

By | 09.06.2022
Диданд: 16
0 0

ҶАСАДИ ЯК ДУХТАРИ ҶАВОНРО АЗ ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАЙДО КАРДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш шоми 8 июни соли 2022 аз дарёи Душанбе дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷасади як духтари ҷавони зоҳиран 18-20-соларо берун кашидаанд. Шахсияти духтари ғарқшуда ва кай ва чӣ гуна ғарқ шуданаш ҳанӯз маълум нест.

Дар хабари кӯтоҳе, ки дар сомонаи Кумита нашр шуд, чунин омадааст: “8 июни соли 2022, соати 16:10 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда корманди шуъбаи милитсияи ноҳияи Сино, ки дар ҳудуди муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” навбатдорӣ мекард, занг зада, хабар додааст, ки дар инҷо оби дарёи Душанбе ҷасади як духтари ҷавони зоҳиран 18-20-соларо берун баровардааст. Баъди дарёфти хабар наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд. Соати 19:40 ҷасадро аз дарё бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Тафтишот идома дорад.”

Танҳо аз аввали моҳи июн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда алакай дар бораи ғарқ шудани дастикам 6 нафар дар кӯлу дарёҳо ва каналҳои Тоҷикистон хабар додааст.

Аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки танҳо дар як рӯзи 7 июни соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷасади боз ду нафарро аз об берун овардаанд. Ҷасади як духтари ҳамагӣ 13-солаи хонандаи синфи шашуми мактаби №14 аз шаҳри Левакантро баъди 6 рӯзи ғарқ шуданаш аз даруни дарёи Вахш дар қаламрави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён пайдо кардаанд. Ҷасади сокини 51-солаи деҳаи Сари Роҳи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхиро бошад баъди як рӯзи ғарқ шуданаш аз канали Қумсангир, якуним километр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданаш ёфтаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published.