Ӯ КӢ БУД ВА ЧӢ МЕХОСТ? БОЗДОШТИ ЯК НАФАР ДАР РӮИ ПОЯҲОИ ҲАЙКАЛИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ (ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

By | 29.01.2022
Диданд: 27
0 0

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти ҷавони тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук видеои лаҳзаи боздошти мардеро дар рӯи пояҳои ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ дар маркази шаҳри Душанбе нашр кардааст. Дар сабт, ки ду дақиқа давом мекунад, дида мешавад, ки кормандони либоси милиса дар тан ҳамроҳ бо чанд нафари дигаре, ки либоси мулкӣ доранд, марди ба зоҳир ҷавонеро, ки ба рӯи пояҳои ҳайкали Исмоили Сомонӣ баромада буд, боздошт карда истодаанд.

Дар навор дида мешавад, ки он мард ба боздошташ тан намедиҳад ва дасту поча зада, муқовимат нишон медиҳад ва афроди бештаре бо шитоб аз зинаҳои майдони саҳни ҳайкал боло шуда, ба боздошти он мард ҳамроҳ мешаванд.

Дар поёни навор як марде, ки чеҳрааш дида намешавад, ба пеши Абдулло Ғурбатӣ ва ҳамроҳи ӯ  омада, амр медиҳад, ки наворгириро қатъ кунанд.

“Мо рӯзноманигорем ва кори худро анҷом дода истодаем”, мегӯяд Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ӯ.

Аммо он мард бо зарда ҷавоб медиҳад ки: “Кори худро иҷро мекунед? Чӣ даркор ҳамин кор! Накунед съёмка! Даркор нест!”

Сабти видеоӣ бо лаҳзае тамом мешавад, ки кормандони мақомот ҷавони дастгиршударо, ки мӯйсари баланд дошт, кашола карда, ба тарафи поён, ба самте, ки биноҳои вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, мебаранд. Маълум нест, ки ӯро ба кадоме аз ин идораҳо бурданд. Ин ҳам маълум нест, ки ин мард кӣ буд ва чаро болои пояҳои ҳайкал баромада буд? Ба нишони эътироз дар ягон масъала? Ваё маст буд?

Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ навори худро чунин ном мондааст: Ӯ кӣ буд ва чӣ мехост?

Leave a Reply

Your email address will not be published.