Monthly Archives: January 2022

Вазири энерегетика гуфт, эҳтимол нархи барқ дар кишвар боло равад

Дар Тоҷикистон бори охир соли 2019 ҳаққи истифодаи барқро боло бурда буданд, ки ҳоло нархи 1 киловатт/соат барқ 22,6 дирам мебошад. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа эҳтимоли баланд бардоштани нархи истифодаи барқро барои аҳолӣ дар солҳои наздик рад накард ва гуфт, ки аз соли 2019 ба ин сӯ таърифаҳои ҳаққи истифодаи барқ дар Тоҷикистон… Read More »

Ба Тоҷикистон боз 152 ҳазор воксини “Pfizer-BioNTech”-амрикоӣ ворид карда шуд

Имрӯз, 31- уми январи дар чорчӯбаи барномаи КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид карда шуд, – хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.  Дар Тоҷикистон то 20 январи соли 2022 беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 дар сади шаҳрвандони мамлакат ба моякӯбӣ… Read More »

БОЗДОШТИ 66 НАФАР ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР ҶАНУБИ МАСКАВ

Дар гузаргоҳи Востряковский проезд дар минтақаи Бирюлевои ғарбӣ дар ҷануби Маскав шоми шанбе, 29 январ як занозании оммавӣ байни муҳоҷирон бо тирпарронӣ рӯй додааст. Манбаи  хабаргузории русии ТАСС  Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Мақомоти пулис чанд нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, се нафарро дар… Read More »

Пинҳон нашавед, бароед, мансабҳоро ҳалол кунед. Даъвати Ато Мирхоҷа аз зодаҳои ВМКБ барои ҳаводиси Хоруғ

Ато Мирхоҷа, шоир ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  аз мансабдорони пешинаву ҳозира, аҳли зиё, вакилон ва шахсиятҳои бонуфузи зодаи ВМКБ даъват кард, ки аз хилватгоҳҳояшон бароянд ва дар робита ба ҳаводиси охири Хоруғ мавқеашонро муайян кунанд. Чунки ба гуфтаи ӯ, онҳо маҳз ба туфайли зодаи Бадахшон будан ба мансабҳои калон расида, соҳиби хонаву… Read More »

Падари Чоршанбе: “бори дувум мулоқот кардем, аммо оғози мурофиа ҳанӯз маълум нест”

Авазхон Паҳлавонов бо писараш размикори маъруфи тоҷики риштаи ММА ва блогер Чоршанбе Чоршанбиев, ки чанде пеш аз Русия ихроҷ ва дар фурудгоҳи Душанбе аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, бори дуввум мулоқот кардааст. Ин мулоқот, дирӯз, 27-уми январ дар боздоштгоҳи муваққатӣ  сурат гирифтааст. Дар ин бора Авазхон Паҳлавонов ба «Азия-Плюс» хабар дод.   Авазхон… Read More »

НОЗИРОНИ БДА Ё РОҲЗАНОН? ШИКОЯТИ ЯК СОКИН БА ВАЗИР

Ҳабиб Алиев, як сокини Панҷакент дар як номаи саркушода ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва сардори раёсати БДА вилояти Суғд Сӯҳроб Қурбонзода аз рафтори ғайриқонунии кормандони БДА нисбат ба ӯ дар мавзеи Деҳмой шикоят кардааст. Матни шикояти Ҳабиб Алиев чунин аст: Хабиб Алиев Бознащр аз гуруҳи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ” Нозирони БДА ё… Read More »

“Орзу доштанд, ки имсол оиладор шаванд, аммо…” Дафни шаш муҳоҷири тоҷик дар Хатлон. ВИДЕО

Тобути шаш муҳоҷири тоҷикро, ки ба гуфтаи мақомот бар асари заҳролудшавӣ дар Русия ҷон бохтанд, субҳи 30-юми январ ба Тоҷикистон овардаанд. Дилшод Одинаев, як масъули идораи муҳоҷират дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “тобутҳоро дар Фурудгоҳи Душанбе гирифта, ба хешовандонашон супурдем.” Наздикони чаҳор нафари онҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки ҷасадҳоро рӯзи… Read More »

Ятимов: Даст фишурда, қавл додем, санадҳои имзошударо иҷро мекунем – видео

Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз музокирот бо ҳамтои ққирғизаш гуфт, ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд Самумин Ятимов раиси КДАМ гуфт бо Ташиев хеле муфассал суҳбат кардам, ҳамаи масъалаҳоро муҳокима кардем. Мувофиқат кардем, ки дар рафти гуфтушунид “хуҷҷатҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори комиссияҳо”… Read More »

Тоқаев: “Ҳар касе таслим нашавад, нобуд карда мешавад”

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар муроҷиати чанд лаҳза қабли худ айнан ҳамин гуна ваъда дод ва гуфт, музокирот бо ҷинояткорон ва қотилон имконнопазир аст. Вай ба маъмурони амниятӣ амр дод, ки бидуни огоҳӣ ба сӯи “ҷинояткорон” оташ кушоянд. “Ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиш фармон додам, ки бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Аз хориҷа даъват… Read More »

Ӯ КӢ БУД ВА ЧӢ МЕХОСТ? БОЗДОШТИ ЯК НАФАР ДАР РӮИ ПОЯҲОИ ҲАЙКАЛИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ (ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти ҷавони тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук видеои лаҳзаи боздошти мардеро дар рӯи пояҳои ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ дар маркази шаҳри Душанбе нашр кардааст. Дар сабт, ки ду дақиқа давом мекунад, дида мешавад, ки кормандони либоси милиса дар тан ҳамроҳ бо чанд нафари дигаре, ки либоси мулкӣ доранд, марди ба зоҳир… Read More »

ДОДГОҲИ РУСИЯ НИКОҲИ ҚАМАРИДДИН ВА ЛЮДМИЛАРО БЕКОР КАРД

Додгоҳи ноҳияи Нижняя Тавдаи вилояти Тюмени Русия бо талаби додситонӣ никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон Қамариддин Кӯганов бо сокини маҳаллӣ Людмила А. –ро аз 14 декабри соли 2018 қалбакӣ дониста,  бекор кард, – хабар дод Телеграм-канали Хадамоти муштараки матбуоти низоми додгоҳии вилояти Тюмен.Бино ба иттилои пулиси вилояти Тюмен, додситонии ноҳияи Нижняя Тавда зимни тафтиши қонунияти ақди никоҳи Қамариддин… Read More »

ҚАЛИНГИ АРӮС ЧАНД АСТ?

Дар шаҳру навоҳии кишварамон қалини арӯсро ҳар хел баҳо медиҳанд. Яке мегӯяд, ки дар минтақаи Хуҷанд маҳри арӯс ба 15 000 сомонӣ баробар аст, дигарӣ маслиҳат медиҳад, ки аз Кӯлоб зан гирифтан арзонтар меафтад, хатлониҳо барои духтаронашон ҳамагӣ 10 000 сомонӣ талаб мекунанд. Арӯсакони аз ҳама «қимматбаҳо» аз рӯйи овозаҳо духтарҳои Душанбе ва Бадахшон будаанд.… Read More »

Таксисти тоҷикро дар Русия ҷавони тоҷик кушт?

Қотили Эмомалӣ Давлатов, таксисти 26-солаи тоҷикро, ки ҷасадаш шаби 23 ба 24-уми январ бо гулӯи бурида дар дохили мошини тамғаи «Фолксваген Поло» дар нишебии пандуси фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт- Петербург пайдо шуда буд, пас аз чаҳор рӯзи сар задани ин ҳодисаи ваҳшатнок дастгир карданд. Тавре ки телеграм-канали “Mash на Мойке” хабар додааст, шахсе, ки ҳамчун… Read More »

Ривоятҳои талхи як шаби хунини Исфара: хонаҳои сӯхтаву ҳавлиҳои пур аз пасмондаи тири миномиёт

Танҳо дар як Ҷамоати Сурхи Исфара 11 хонаи сокинон пурраву қисман хароб шудааст. Мардуми Исфара аз шом ва шаби 27 ба 28-уми январ қиссаҳои талхе мекунанд. Дар ин даргириҳо аз сӯйи неруҳои Қирғизистон  хонаҳои зиёде тирборон ва оташ зада шудаанд, ки хисороти барҷойгузошта ба миллионҳо мерасад. Хабарнигори “Азия-Плюс” субҳи имрӯ ба суроғи мардуме рафт, ки… Read More »

Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд: КДАМ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз идомаи тирандозӣ аз Қирғизистони ҳамсоя хабар додДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир аз сӯи Қирғизистон тирборони рустоҳои марзӣ дар шимоли Тоҷикистон идома дорад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки тирандозӣ ба сокинони маҳаллӣ, мошинҳо ва иншооти гуногуни зерсохторӣ сурат мегирад.”Тирборони шадид идома… Read More »

ИЗҲОРОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗЪ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад 27 январи соли 2022, тахминан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумори панҷоҳнафар аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашонд, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз… Read More »

ТОҶИКИСТОН АЗ ЯК КУШТА ВА 17 ЗАХМӢ ХАБАР ДОД, ҚИРҒИЗИСТОН – ТАНҲО АЗ 4 ЗАХМӢ (ВИДЕО)

Як мақоми идораи тандурустӣ дар шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи шом ва шаби 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 17 нафар  захмӣ шудаанд. Ҳамсуҳбати Озодӣ бе зикри ном гуфт, баъзе аз захмиён низомӣ ва қисми дигар сокинони оддӣ ҳастанд. “Ҳамаи онҳо дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудаанд,” —… Read More »

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “ОЛУЧА ТАКСИ”

Шаби 26 январ, тахминан соати 20:05, Давронов як сокини 59-солаи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳудуди ҳамин ноҳияи шаҳри Душанбе зери чархи мошини ширкати “Олуча Такси” афтода, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон бохтааст. Сокини 60-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ судшудаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки чанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии сокини 51-солаи пойтахт даромада,… Read More »