Monthly Archives: February 2022

Шоҳиён гуфт, ки чаро Иззат Амон афв нашуд

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки чаро қонуни нави афв нисбати Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷирон, татбиқ нашуд. Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Иззат Амон то замони эълони ҳукм зарарро пурра пардохт накард” ва бинобар ин дар ҳабс монд. Ба пурсиши батакрори хабарнигорон, ки Иззат Амон чӣ қадар қарздор мондааст,… Read More »

Эътирози духтари президент

Саида Мирзиёева – духтари калонии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва муовини директори агентии “Ахборот ва муошират бо ҷомеа” 19-уми январ дар саҳифаи фейсбукии худ норозигии худро аз сериали “Сабрия”, ки тариқи шабакаи ТВ “Севимли” намоиш дода мешавад ва миллионҳо нафар тамошобин дорад, баён намуд. Ӯ дар саҳифааш қайд кардааст, ки дар кишвар озодии сухан ва… Read More »

КӮДАКИ ПАНҶСОЛАИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ АЗ ҚАБАТИ 18-УМИ БИНО АФТОДААСТ

Як кӯдаки панҷсолаи оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шоми 31 январ дар кӯчаи Лухмановская дар шарқи Маскав аз тирезаи қабати 18-уми бинои истиқоматӣ ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, кӯдак дар роҳрави қабати 18-уми  бинои 24-қабата дар маҳаллаи Косино-Ухтомский бозӣ мекард, ки ба сабаби ҳанӯз норавшане аз тиреза ба замин афтодааст.… Read More »

“ҶАСАДИ ПИСАРАМРО АЗ ГӮР БАРОВАРДЕД, БАЪД ЧӢ ШУД?” СУОЛУ ҶАВОБИ МОДАРИ ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВ БО РАИСИ ВИЛОЯТ

Певистамо Абдулмуъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, сокини кушташудаи ноҳияи Роштқалъа, масъалаи ба кундӣ пеш рафтани таҳқиқи куштори писарашро бо раиси   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот дар миён гузоштааст. Модари Гулбиддин Зиёбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси вилоят ӯ ва боз ду ҷавони дар ҳодисаҳои моҳи ноябр захмишударо рӯзи 25 январ ба ҳузур пазируфтааст. “Ҳамроҳи ман ду… Read More »