Monthly Archives: May 2022

Ҳоҷӣ Ҳошим Каримов бо тахаллуси “НАРКОБИОТИК” кист?

Ё «Наркобиотик» бо Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов чи алоқа дорад? (бахши аввал) Имруз дар бораи оилае ба шумо маълумот пешниҳод менамоем, ки ӯ ҳам ба «Оила» худро наздик намуда ҳамроҳ бо хешу табор ва духтарони президент то айни ҳол тамоми ҷиноятҳояшро содир намуда истодааст ва дар давоми зиёда аз 25 сол дороиҳои бисёре ба даст… Read More »

НОМАИ ШИКОЯТИИ РОНАНДАҲОИ АВТОБУСҲОИ 1,2,3 ДУШАНБЕ БА “ИСЛОҲ”

 Ё дод аз дасти Зафари Ситикорти Душанбе, ҳамсабақи Рустами Эмомалӣ Салом ба «Ислоҳ», ба бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаро мо  гуруҳе аз кормандони соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе бароятон ирсол мекунем. Имрӯз яке аз ҳамсабақони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо номи Зафар “ширкате боз кардааст” бо номи «Сити-корт». Ин ширкат, ки ҶДММ мебошад, чанд корхонаи… Read More »

Генерал Бузмаков кист? Чаро ба мардуми Бадахшон «дандон» дорад?

(бахши дуввум ) Аламшозода Абдураҳмон Аламшо (Бузмаков), муовини аввали Вазири корҳои дохилии   Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия, роҳбари Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ, чуноне худаш ҳам мегуяд аз соли 2014 дар қасди ҷони мардуми Бадахшон ва ташнаи хуни Мамадбоқир ва ҳамроҳони вай лаҳзашуморӣ мекард. Ҳоло акнун ҳаррӯз бо як дуруғу туҳмат ба пойи ҷавонмардони рушониву шуғниву язгуломиву хоруғӣ-яъне… Read More »

Бузмаков:«То ин гансҳоро ҷисман аз байн набарем, моро ором намегузоранд»

(бахши аввал) Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири дохилӣ ва раҳбари ҳарбии ВМКБ, Меликзода.М.муовини раиси КДАМ, Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилоят ва тавассути алоқаи махсус Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Шералӣ Мирзо ва фармондеҳони воҳидҳои махсуси Гвардияи миллӣ, вазорати мудофиа ва қушунҳои дохилӣ ва ҳамчунин командирони «Алфа» ва «ОМОН», ки ҳамагӣ  ҳаммаҳалҳои Эмомалӣ Раҳмонованд як… Read More »

“Шикасти Фитна” Раҳмоновро фитнагар ва мақомоташро фитнаандоз муаррифӣ кард

«Шикасти фитна»- як талоши ноком ва номуваффақи «фермаи ҷавоб» аст, ки аз номи «Тоҷикфилм» ба намоиш гузошта шудааст. Ин ба истилоҳ филми мустанад ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дар ҳоли давр задан аст. Тайи ду рӯзи ахир ҳама каналҳои телевизионии Тоҷикистон онро ба такрор нишон доданд. Мақсади ин филми бебунёд маълум аст. Сафед кардани аъмоли… Read More »

Мақомот “СММ”-ро дар кушташудани Бадахшониён гунаҳкор медонад

Мақомот дар Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид-муҳимтарин марҷаи байналмилалиро дар маблағгузорӣ ва ангехтани сокинон ба тазоҳуроти эътирозӣ дар рӯзҳои14-17майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мазнун мешуморанд. Дар баёния ва суҳбатҳои расмии мақомот ва масъулин аз Паймони миллӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашев ва Муҳаммадбоқир ва чанд нафари… Read More »

Чаро Рустам ба Озарбойҷон ва Туркманистон рафт? Аҳмади Иброҳим аз Рустам чӣ хост?

«Додари азиз, Рустами Эмомалӣ, ҳоло ту вазифадорӣ, ки обурӯйи падарат ва ватанатро бо қабули ин ду пешниҳод ё роҳи дигар бихарӣ. Атрофиёнат гуфтанд, ки ту хеле ҷавони ҷасур ва бофаҳму бо идрокӣ. Ба дуқад шудану тамаллуқкорӣ кардани баъзе аз масъулин фирефта нашав, эҳтиром фақат дар ин нест! Инҳо дар асл санг дар бағал доранд, ба… Read More »