Monthly Archives: August 2022

Бозхонии номаи таърихии имом Хумайнӣ ба Горбачёв

Ба баҳонаи фавти Горбачёв яке аз муҳимтарин вақоеи ҳаёти сиёсии вай, яъне номаи таърихии имом Хумайнӣ бунёнгузори инқилоби исломӣ дар Эрон ба ӯ, ки дар он эшон масоили асосиро матраҳ ва тавсияҳои бисёр муҳимеро ба Горбачёв ироа дода буданд, мавриди бозхонӣ қарор медиҳем. Яке аз иқдомоти таъсиргузори имом Хумайнӣ дар арсаи байналмилалӣ бо тавваҷуҳ ба… Read More »

Ҳамлаи маъмурони Саудӣ ба ятимхона+видео

Ин видео нишон медиҳад, ки маъмурони Саудӣ бо вориид шудан ба ятимхона, бераҳмона дастҳои чанд духтари ятимро баста онҳоро латукӯб карда ва бар рӯи замин мекашанд. Хушунати ин иқдом, хашми мардуми Арабистон ва ҷаҳони Исломро дар пай доштааст. Бар асоси гузоришҳо ин иқдоми маъмурони амниятии Саудӣ дар пайи он будааст, ки ин духтарҳо хостаҳое доштаанд,… Read More »

Тағйирот дар масири ҳаракат ва рақами автобусҳо дар Душанбе: Кадомҳо ва аз кай?

Ба нақл аз Спутник, ба иттилои шаҳрдории Душанбе хатсайри автобусӣ таҳти рақами №13 лағв ва ба ҷои он мусофирбарҳои рақами 17 ба хатсайр мебароянд. ,Шуруъ аз 1 сентябри соли 2022 дар хатсайри автобусии №13 бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин масир таҳти рақами №17 фаъолият менамояд. Таъкид шудааст, ки танҳо… Read More »

Фақр танҳо мероси ҳузури Амрико дар Афғонистон буд

Мулло Муҳааммадҳасан Охунд, сарвазири давлати муваққати Толибон имрӯз (чоршанбе) тайи суханоне дар маросими солгарди хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт: замони хуруҷи неруҳои хориҷӣ тамоми таъсисоту зерсохтҳои Афғонистон аз бай бурда шуда буд. Вай, ки дар пойгоҳи низомии Багром суханронӣ мекард афзуд: аммо бо омадани Иморати исломӣ қатлу бомбаборон поён ёфта ва амният дар нуқоти… Read More »

Ҳушдори Тайван; Паҳподҳои Чинро сарнагун мекунем

    Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ҳоле ки артиши Чин камокон қудрати низомии худро ба Тайван нишон медиҳад, мақомҳои низомии Тайван муддаӣ шудаанд, ки қодиранд паҳподҳои Тайванро сарнагун кунанд. Вебгоҳи “Drive”, рӯз се шанбе дар ин замина навишт, вазорати дифоъи Тайван дар иқдоми чолиш барангез эълом карда , ки дар оянда паҳподҳои артиши Чинро,… Read More »

Бо ҳамла ба Англис метавонем натиҷаи ҷанги Украинаро тағйир диҳем

    Ба гузориши манобеи хабарӣ, як фармондеҳи собиқи артиши Русия сареътарин масир барои шикасти Украинаро маҳв кардани Англис ва ҷазоири атрофи он аз рӯи нақша ва табдили он ба як кишвари ҷаҳони севум донист. Рӯзномаи англисии “Daily Mirror”, рӯзи се шанбе навишт, ки “Андрей Горолиев”, фармондеҳи бознишастаи артиши Русия ва намояндаи феълии Думои ин… Read More »

Олмон наметавонад таслиҳоти бештаре ба Украина ирсол кунад

    Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазири дифоъи Олмон гуфта чунончи Берлин бихоҳад тавоноияш барои дифоъ аз худашро ҳифз кунад неруҳои мусаллаҳи ин кишвар набояд силоҳҳои бештаре ба Украина ирсол кунанд. “Кристиан Ламбрехт”, вазири дифоъи Олмон рӯзи сешанбе гуфт, ки вазифаи ӯ дар ин симат, амнияти миллии Олмон аст. Вай тасреҳ кард: «бояд ба унвони… Read More »

Баргузории ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе

Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе аз баргузории ҳамоиши маҳфилҳои тоҷирони ин кишвар ва Тоҷикистон хабар додааст. ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ таърихи 5 сентябри имсол ба мизбонии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Интизор меравад дар ин рӯйдод беш аз 20 ширкати фаъоли кишвари Корея дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон ва Русия ширкат кунанд. Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар… Read More »

Табрики Токаев ба муносибати рӯзи Сарқонуни Қазоқистон

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба муносибати бистуҳафтумин солрӯзи тадвини Сарқонуни Қазоқистон, ин рӯзро ба мардуми кишвараш бистуҳафтумин табрик гуфт. Бинобар суханони Тоқаев имсол ин ҷашн аҳамияти сиёсии хоссеро ба худ ихтисос додааст. Натоиҷи ҳамапурсии миллии ислоҳоти Сарқонун иттиҳоди мардуми Қазоқистон ва ҳимояти қотеи он аз ислоҳоти густардаи мутамаркиз ба навсозии ҳамаҷонибаи кишварро нишон дод. Вай… Read More »

Даргузашти Михаил Горбачёв, президенти аввалину охирини ИҶШС

Ба нақл аз сомонаи ТАСС, Михаил Горбачёв дар Бемористони марказии клиникии шаҳри Маскав даргузашт, иттилоъ додааст. Пас аз сари қудрат расидан, Михаил Горбачёв кӯшиш кард, ки муносибатҳо бо ИМА ва Аврупои Ғарбиро беҳтар кунад. Моҳи декабри соли 1984 Горбачёв ва ҳамсараш Раиса бо даъвати сарвазири Бритониё Маргарет Тэтчер, ки дар маросими дафни Андропов бо ӯ… Read More »

Душанбе мизбони шонздаҳумин давраи бозиҳои дилфии ҷавонони ИДМ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории шонздаҳумин давраи бозиҳои дилфии ҷавонони ИДМ дар ин кишвар хабар дод. Шонздаҳумин давраи бозиҳои дилфии ҷавонони аъзои кишварҳои ИДМ рӯзҳои 14 то 18 октябр ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бинобар гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин рӯйдод ба муносибати эълом « соли саноеъи дастӣ” ва мероси фарҳангии мардуми… Read More »

Муқоисаи нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои ИДМ

Рӯзноманигорон арзиши як литр сӯзишвории дизелиро дар чаҳор кишвар: Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус ва Арманистон муқоиса кардаанд. Тоҷикистон дар радабандии арзонтарин сӯзишвории дизелӣ дар кишварҳои ИДМ дар ҷои сеюм қарор гирифтааст. Таҳлили ин бозорро дар чаҳор кишвар рӯзноманигорони шабакаи телевизионии “МИР 24” анҷом додаанд. Онҳо арзиши як литр сӯзишвориро дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус ва Арманистон муқоиса… Read More »

Афзоиши 16,5% воридоти мошин ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ

Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ воридоти мошинҳоро 16,5% афзоиш додааст. Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 221 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли қабл 16,5 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди воридоти мошинҳо гузориш нашудааст. Тибқи омор, дар бозори мошинҳои дохилӣ… Read More »

Абдуллозода вазири кишвар ваксинаи зидди коронавирус гирифт

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ додааст: Ин бори чаҳорум аст, ки кормандони вазорати тандурустӣ бар зидди коронавирус моякӯбӣ мешаванд. Ахиран Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ҳамроҳ бо муовинонаш ва кормандони вазораташ бар зидди COVID-19 ваксина гирифтанд. Манбаъ иттилоъ додааст, ки роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт низ бо вояи чоруми ваксинаи… Read More »

Сабаби даргириҳои хунин дар Ироқ

Канорагирии раҳбари ҷараёни Садр аз сиёсат, вазъияти Ироқро вориди фози ҷадид кардааст. Вай дар ин истеъфо иддао карда, ки ҳеҷ замоне иддаои раҳбарӣ ва марҷаъият надошта ва барои ҳамеша аз фаъолиятҳои сиёсӣ канорагири мекунад. Канорагирии раҳбари ҷараёни Садр пас аз судури баёнияи муҳимми оятуллоҳ «Сайид Козим Ҳоирӣ» эълон шуд. Оятуллоҳ Сайид Козим Ҳусайни Ҳоирӣ, ки… Read More »

Амрико пули дуздидаи Афғонистонро баргардонад

    Ба гузориши манобеи хабарӣ, нишасти шӯри амнияти Созмони Милал бо мавзӯъи Афғонистон ба саҳнаи иттиҳомзании “Василий Небензия”, намояндаи Русия дар Созмони Милал ва “Линда Томас-Гринфелд”, ҳамтои амрикоӣ ӯ табдил шуд. Манобеъи расонаӣ русӣ хабар доданд, иттиҳомзнии “Линда Томас-Гринфелд”, намояндаи Амрико дар Созмони Милал ба Русия ва Чин дар бораи кумаки ночизи Маскав барои… Read More »

Амрико фавран фурӯши силоҳ ба Тайванро мутаваққиф кунад

  Сухангӯи сафорати Чин дар Амрико эълом кард: фурӯши таслиҳоти низомии Вашингтон ба Тайван асли Чини воҳидро нақз мекунад ва Пекин қотеъона иқдомоти лозимро барои ҳифзи ҳокимият ва амнияташ анҷом хоҳад дод. Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Ли Пенгю” (Li Pengyu), сухангӯи сафорати Чин дар Вашингтон аз давлати Амрико хост фавран фурӯши таслиҳоти низомӣ ба Тайванро… Read More »

Ширкатҳои амрикоӣ махфиёна ба думболи тиҷорат бо Русия

  Рӯзномаи “Yin Shafaq”-и Туркия ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки ширкатҳои амрикоӣ аз тариқи Туркия ба думболи даврзадани таҳримҳо ва тиҷорат бо Русия ҳастанд. Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, рӯзномаи “Yin Shafaq”-и Туркия муддаӣ шуд ширкатҳои Амрико махфиёна ба думболи роҳе барои даврзадани таҳримҳо ва тиҷорат бо Русия ҳастанд. Yin Shafaq, ба нақл… Read More »

Қирғизистон мизбони нахустин маҷмаъи ҷавонони кишварҳои Ҳамсуд

Нахустин маҷмаъи ҷавонони кишварҳои Ҳамсуд дар шаҳр Чулпон-отои Қирғизистон бо ҳузури Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири ин кишвар баргузор шуд. Аввалин маҷмаъи ҷавонони кишварҳои Ҳамсуд дар шаҳри Чулпон-отои Қирғизистон бо ҳузури Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири ин кишвар баргузор шуд. Дар ифтитоҳияи ин маҷмаъ Михаил Мёсникович, раиси ҳайати мудираи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва нахуствазирони Беларус, Арманистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон… Read More »

Таъкиди мақомоти Узбакистону Созмони Милал ба тавсеаи муносибот

Раиси Маҷлиси санои Узбакистон ва мудири минтақаии дафтари ҳамоҳангии Созмони Милал дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд чашмандози густариши ҳамкориҳои мутақобилро баррасӣ карданд. Танзила Норбоева, раиси Маҷлиси санои Узбакистон ва Гуй Йиуп Сун, мудири минтақаии дафтари ҳамоҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд чашмандози густариши ҳамкориҳои мутақобилро баррасӣ… Read More »